Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хадамоти муҳоҷират: "Дар муноқишаи Сочӣ тоҷикон даст надоранд"


Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия, иштироки шаҳрвандони Тоҷикистон дар ихтилофоти сохтмончиёни иншоотҳои олимпии шаҳри Сочиро рад намуд. Дафтари матбуоти Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон бо такя ба хабари дафтари матбуоти намояндагии худ дар Русия гуфт, ки сокинони Тоҷикистон дар хархашаи як хобгоҳи сохтмони Олимпии шаҳри Сочӣ ширкат надоштаанд. Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон бо такя ба тафтиши намояндагии худ дар Федератсияи Русия оид ба ин ҳодиса рӯзи 7-уми ноябр раддия пахш намуда, хабари расонаҳои Русияро рад кард. Хадамоти муҳоҷират дар ин раддия меорад, ки раиси ҷамоаи тоҷикони шаҳри Сочи Фаррух Миров ин хабарро ҳамаҷониба санҷидааст ва дар натиҷа ошкор шудааст, ки дар задухӯрди хобгоҳи маркази Бозиҳои олимпии соли 2014 дар Сочӣ, ки 6-уми ноябр рух дод, сокинони Тоҷикистон ширкат надоштаанд. Рӯзи сешанбе дар аксари васоити ахбори омма хабарҳо дар бораи моҷарои байни коргарони иншоотҳои олимпии шаҳри Сочии Федератсияи Русия интишор шуд. Сайти интернетии БлогСочи навишт, ки субҳи 6-уми ноябр дар Красная Поляна миёни 240 муҳоҷири корӣ аз Тоҷикистон даъво бархостааст. Ин афрод гӯё коргарони сохтмонҳои олимпӣ буда, дар як хобгоҳи муваққате ба сар мебурдаанд. Барои пахши даъвогарон нирӯҳои полис, ОМОН ва хадамоти муҳоҷират ҷалб шудаанд.
XS
SM
MD
LG