Пайвандҳои дастрасӣ

Мирзоватан Миров, ҳунарманду таҳиягари маъруфи театри тоҷик, беш аз як сол боз ба донишҷӯёну устодони донишгоҳи ба номи Бурҳониддин Раббонии Кобул ва кормандони телевизиони миллии Афғонистон, дарси ҳунар меомӯзад.

Дар ибтидои сӯҳбат аз Мирзоватан Миров суол кардем, ки вазъи театри афғонро чӣ гуна дарёфт ва аз театри имрӯзи тоҷик чӣ тафовуту бо он чӣ монандиҳо дорад?

Миров: Солҳои ҳукмронии Толибон дар Афғонистон театрро пурра аз байн бурд. Дар Кобул, дар минтақаи Хайробод, театри машҳуре буд, ки дар он ҷо масҷид сохтанд. Барқарор шудани театр дар Афғонистон ба чанд далел мушкил аст. Қабл аз ҳама, кадрҳо нестанд, зеро онҳо асосан дар хориҷи кишваранд, як муддат ҳунармандони маъруфи мо ҳам берун аз Тоҷикистон буданд ва баъзеяшон ҳоло ҳам барнагаштаанд. Дуввум ин ки ҷомеъа – ҷомеъаи исломист ва исломиҳо ба театру мусиқиву суруд рағбати зиёд надоранд ва дар парлумону ҳукумат садди роҳи барои рушди онҳо мешаванд. Ҳарчанд дар баъзе мавзеъҳои Афғонистон талошҳое ҳаст, ки аз ин варта берун шаванд, аммо мушкилиҳо ҳалношуда боқӣ мемонанд.

Бинои Театри ба номи Лоҳутӣ

Бинои Театри ба номи Лоҳутӣ

Хулоса, вазъ бисёр мушкил ва мураккаб аст, бештар солҳои сиюми Тоҷикистонро ба хотир меоварад. Театри миллии Кобул бештар чун театри тарғиботӣ ба таҳияи намоишномаҳои 15-20 дақиқагӣ машғул аст. Бигирем, пеш аз рӯзи сулҳ вазорати фарҳанг супориш медиҳад, ки ба ин муносибат ягон намоишнома таҳия кунанд. Онҳо "аҷала" намоишномаи кӯтоҳ таҳия мекунанд ва аммо онро на дар бинои театр, балки берун аз пойтахт - дар мактабҳо ё дигар ҷойи баргузории чорабиниҳо намоиш медиҳанд. Аммо чизи асосие, ки барои театр муҳим аст, омадани тамошобин ба толор ва тамошои ҳунари зинда дар саҳна, мутассифона, хело кам мушоҳида мешавад.

Озодӣ: ...Аммо, ин мушкил – мушкили наомадани тамошобин ба театрҳои Тоҷикистон ҳам хос аст...

Миров: Ман бо ин вазъ аз солҳои кор дар театри шаҳри Кӯлоб шиносам... Як-ду рӯз пеш дар театри ба номи Маяковский намоишномаи театри шаҳри Данғараро тамошо кардам, ки дар он чиҳил-панҷоҳ нафар донишҷӯён ширкат доштанд. Дидам, ки муносибаташон ба ҳунар, донишу малакааашон дар сатҳи ҳамон солҳои 1975-1980 аст, ки мо дар Кӯлоб бо донишҷӯён кор мекардем. Мутаассифона, мо як қадам ҳам пеш нарафтаем. Ҳатто нисбат ба даврони шӯравӣ қафо рафтем дар ин мавзӯъ. Ман фикр мекунам, ки ҳалли мушкили театр фақат кори театр ва вазорати фарҳанг нест. Ин мавзӯъ дахолати ҷиддии давлатро талаб дорад. Агар мехоҳем, ки мардумро аз вартаи ҳалокати фарҳангӣ берун кунем, бояд давлат ба ин мавзӯъ таваҷҷуҳ кунад...

Озодӣ: ...Зимнан, дар тақвияти гуфтаҳои шумо - ҳукумати Юнони қадим барои ба театр рафтан ба тамошобинон як миқдор пул медод, то ки рӯҳи ҷомеъаро солим нигаҳ дорад.... Ва аммо, шояд як сабаби ба ин вазъ гирифтор шудани театри тоҷик он аст, ки дар он навҷӯӣ ва ягон раванди нав мушоҳида намешавад?

Миров: Бо ақидае, ки театри тоҷик навҷӯӣ надорад, розӣ шуда наметавонам. Мо коргардонҳои навҷӯ дорем. Аммо... синни беҳтарин коргардони мо Барзу Абдураззоқов аз панҷоҳ гузашт, вале ӯ ҷойи кор надорад. Касе аз масъулин ба Барзу таваҷҷуҳ намекунад. Театрҳоро дар ихтиёри директорҳо гузоштанд, вале Барзу бекор аст. Ақидаи ман, чун шахсе, ки чиҳил сол боз дар соҳаи театр кор аст, ин аст, ки театрро дар ихтиёри Барзу гузоранд. Вале ин корро намекунанд, зеро он чизе, ки Барзу ба саҳна мегузорад, барои онҳо қобили қабул нест.
Як сол пеш аз сафар ба Афғонистон ман намоишномаеро бо номи “Поёни шаби сиёҳ сафед аст” аз ашъори Фирдавсӣ, Аттор, Иқбол, Румӣ, Ҷалолиддини Балхӣ ва дигар адибону орифони барҷаста ва шоирони муосирамон Назрӣ Яздону Муҳаммад Ғойиб таҳия кардам. Ҷанҷоли намоишнома то радиои шумо рафт. Вазорати фарҳанг онро се-чор бор “қабул” кард. Аз “боло” шояд пинҳонӣ супориш додаанд, ки намоишномаро манъ кунанд ва масъулони вазорат ҳар вақти “қабул” эрод мегирифтанд, ки номашро дигар кунед, “поёни шаби сиёҳ” нагӯед, ин пораашро тағйир диҳед, ин калимааш бояд иваз шавад... Чаро?

Озодӣ: Хуб, таваҷҷуҳи давлат ба театр он қадар зиёд нест... Аммо оё афроди сарватманд, ки теъдодашон дар Тоҷикистон кам нест, наметавонанд, бигирем, дар тарбияи ҳунарманду таҳиягарҳои хуби театр саҳм дошта бошанд?

Миров: Сарватмандҳои мо ба театр таваҷҷуҳ надоранд... Вақте, ки мо дар Маскав таҳсил мекардем, устодамон барои ҳар яке аз шаш нафари мо 50 сумӣ музди иловагӣ мегирифт. Ӯ дар саҳна кор мекард ва мо, стажерҳо, тамошо мекардем ва хело чизҳоро омӯхтем. Чаро ин корро ҷорӣ намекунанд, чаро ба Барзу маблағ намедиҳанд, ки дар ду сол аққалан як таҳиягари хуб омода кунад... Мо инро чанд сол боз ба вазорати фарҳанг гӯшрас мекунем, аммо он ҷо гумон мекунанд, ки ин кор аз пеши худ дуруст мешавад... Вале, хестӣ, ки хобӣ... Барзу баъди ӯро задани мошин аз нури чашм тақрибан маҳрум шудааст ва ҳоло дар Маскав аст. Ман дар Афғонистонам... Дар Душанбе се-чаҳор коргардони пуртаҷриба боқӣ мондаасту халос... Баъд аз се-чаҳор сол чӣ хоҳад шуд.

Театр мисли ниҳолест, ки ба парвариш, ба ғамхориву меҳрубонӣ ниёз дорад. Театр кори як нафар лидер аст – коргардони барҷаста! Барзу чанд сол дар шаҳри Хуҷанд буд, театри шаҳр соҳиби чандин ҷоизаи байнулмилалӣ шуд. Барзу аз Хуҷанд баргашт, театр боз дар вазъи пештара қарор гирифт...

Ҳазрати Соиб мегӯяд:

Он кӣ ҳар дам мезадам дар обу оташ хешро
Равшанӣ дар кори мардум буд мақсудам чун шамъ.


Ҳадафи мо ҳам равшанӣ дар кори мардум аст. Владимир Ленин, ки ҳоло зиёд сиёҳаш мекунанд, гуфта буд, ки” дар ҷанг дар як-ду ё панҷ-даҳ сол метавон пирӯз шуд, дар иқтисод ҳам метавон дар чанд сол пешрафт кард, вале дар фарҳанг ба зудӣ муваффақ шудан номумкин аст”. Ин пеш аз ҳама ба театр дахл дорад, ки модари ҳафт намуди санъат аст...

ҲОЛНОМАИ МИРЗОВАТАН МИРОВ

Мирзоватан Миров, таҳиягар ва актер, ҳунарманди мардумии Тоҷикистон. Барандаи ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ мебошад. Солҳои гуногун саркоргардони театри мусиқиву мазҳакавии шаҳри Кӯлоб ва театри ба номи Лоҳутӣ, корманди масъули вазорати фарҳанг, раиси Ҷамъияти ходимони театрии Тоҷикистон ва саркоргардони театри ҷавонони ба номи Маҳмудҷон Воҳидов буд. Мирзоватан Миров солҳои навадум баъд аз таҳияи намоишномаи «Фишор» дар театри драмаи шаҳри Кӯлоб, намоишномае, ки бо сабку нигоҳи тоза фарқ мекард, маъруф шуд. Аммо ин «ошӯб» дар театри тоҷик худи Мирзоватанро мавриди фишори шадид қарор дод. Бо вуҷуди фишору таҳдидҳо, ӯ аз таҳияи намоишномаҳои навҷӯёна даст барнадошт ва соли гузашта намоишномаи дигараш «Поёни шаби сиёҳ сафед аст» боиси сару садо ва баҳсҳои зиёде дар олами фарҳанг гардид. Соли 2011 барои рӯи саҳна овардани намоишномаи «Чашмони бародари қиёматӣ»-и Нур Табаров, соҳиби ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ шуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG