Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Варзишгари Узбакистон аз медали биринҷӣ маҳрум шуд


Сослан Тигиев аз рост

Сослан Тигиев аз рост

Сослан Тигиев-гуштингири тарзи озоди Узбакистон аз медали биринҷии бозиҳои олимпии соли 2012 Лондон маҳрум шуд. Муоинаи тиббӣ собит сохтааст, ки вай ҳангоми ширкат дар мусобиқаҳо доруҳои нирузо истеъмол кардааст.

Тигиев асосан аз Асетияи Ҷанубист ва дар вазни 74 килограм аз ҷониби Узбакистон моҳи август дар мусобиқоти олимпии Лондон ширкат карда буд.

Тигиев баъд аз Надежда Остапчук-қаҳрамони бозиҳои олимпии Лондон дувумин варзишгарест, ки аз медали худ маҳрум шуд.

Баъд аз маҳрумияти Тигиев ҷои севвум ва медали биринҷиро Габор Ҳатос аз Маҷористон соҳиб шуд. Вай дар зинаи чаҳорум қарор дошт.
XS
SM
MD
LG