Пайвандҳои дастрасӣ

Бо кӯмаки Амрико 2 посгоҳи нав дар Ҳамадонӣ сохта шуд


Сохтмони ду посгоҳи марзии миёни Тоҷикистону Афғонистон бо кӯмаки молии Амрико ба поён расид. Дар маросими гушоиши ин посгоҳҳо Сюзан Эллиот-сафири Амрико дар Тоҷикистон ва Шералӣ Мирзо-фармондеҳи нируҳои марзбонии Тоҷикистон ширкат доштанд.

Дар ин бора дафтари матбуотии сафорати Амрико дар Душанбе хабар дод.
Яке аз посгоҳҳо дар деҳаи Рибхоз ва дигарӣ дар деҳаи Сайёди ноҳияи Ҳамадонӣ ба фаъолият оғоз карданд.

Ин посгоҳҳо дорои хобгоҳи марзбонон, таомхона, утоқҳои зист барои хонаводаҳои афсарон, ҷои нигаҳдории сагҳо ва толорҳои техникӣ иборат мебошанд.

Аз соли 1992 ба ин тараф Амрико ба арзиши бештар аз як миллиард доллар барои ҳимоят аз ниҳодҳои демокаратӣ, беҳдошт, маориф ва рушди иқтисодии Тоҷикистон кӯмак кардааст.
XS
SM
MD
LG