Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҷаҳониён аз пирӯзии Обама истиқбол мекунанд


Иттиҳодияи Аврупо Барак Обамаро барои интихоби дуборааш барои чаҳор соли дигар ба мақоми раёсати ҷумҳурӣ табрик гуфт. Дар як эъломияи муштарак, ки рӯзи чаҳоршанбе ба нашр расид, Хосе Мануел Бароссо-раиси Кумиссиюни Аврупо ва Ҳерман Вон Ромпу-раиси Иттиҳодияи Аврупо гуфтанд, ки онҳо мунтазир буданд, то “ҳамкории наздик”-и худро бо раҳбари Амрико идома диҳанд.

Дар Исроил нахуствазир Бенямин Нетаняҳу аз интихоби Обама истиқбол кард ва гуфт, равобити дуҷонибаи миёни ду кишвар “бештар аз ҳар давраи дигар қаввитар” аст.

Думаи Давлатии Русия низ ба пирӯзии демократ Обама бар Митт Ромнии ҷумҳурихоҳ вокуниши мусбат нишон дод ва гуфт, умедвор аст, ки раҳбари Амрико ҳамчунон “бознигарӣ” дар муносиботи Маскаву Вашингтонро давом медиҳад.

Дар Афғонистон Сиёмак Ҳиравӣ-сухангӯи Ҳомид Карзай аз натиҷаҳои интихобот истиқбол кард ва гуфт, Обама кӯмак хоҳад кард, ки мубориза бо терроризм дар Покистони ҳамсоя ба поён расад:

“Умедворам, ки Барак Обама дар ин давра таваҷҷуҳи ҷиддӣ ба масъалаи пойгоҳи терроризм дар хоки Покистон дошта бошад”.

Раҳбарони кишварҳои дигари ҷаҳон низ табрикоти худро ба Барак Обама фиристодаанд.
XS
SM
MD
LG