Пайвандҳои дастрасӣ

Демократҳои Суғд хостори баргузории анҷуман шуданд


Созмони вилоятии Ҳизби Демократи Тоҷикистон дар Суғд бо пахши як баёния аз ҳамаи ҷиноҳои демкоратҳо даъват кардааст, ки дар ҳамин моҳи ноябр ҷамъ шаванд ва роҳҳои рафъи мушкилоти дохилии худро баррасӣ кунанд.

Файзулло Файзиев-раиси Созмони вилоятии Ҳизби Демократ гуфт, ки вазъияти ҳизб дар марҳилаи кунунӣ ба соли 1992- и қабл аз иҷлосияти 16 ум монанад аст ва онҳо ба таври рамзӣ мехоҳанд, ки анҷумани Ҳизби Демократ маҳз дар моҳи ноябри соли равон баргузор гардад.

Демократҳои вилояти Суғд аз Масъуд Собиров-раиси расмии Ҳизби Демократ даъват кардаанд, ки анҷумани ғайринавбатӣ ва фавқулоддаи ҳизбро даъват кунад.

Файзулло Файзиев дар идомаи баёнот меафзояд, се моҳ қабл аз Масъуд Собиров ин тақозоро карда буданд, вале вай бо вуҷуди ризояташ анҷумани ҳизбро даъват накард.

Акнун бахши вилоятии демократҳо аз ҳамаи ҷиноҳои ин ҳизб, аз ҷумла аз ҷиноҳи М. Искандаров ва С.Имонов давъват доранд, ки то 16 ноябр анҷмуани ғайринабатӣ даъват карда шавад ва ба печидагиҳову мухолифатҳои дохилии ҳизбӣ поён диҳанд.
XS
SM
MD
LG