Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Алмаато сохтмони ниругоҳи Роғунро баррасӣ мекунанд


Таҷҳизоти сохтмони Роғун

Таҷҳизоти сохтмони Роғун

Имрӯз дар шаҳри Алмаато дар дафтари минтақавии Бонки Ҷаҳонӣ масъалаи сохтмони ниругоҳи Роғун баррасӣ мешавад. Дафтари намояндагӣ бо Ашқобод, Остона, Душанбе ва Кобулу Тошканд телефонӣ ва видеоӣ васл шуд ва дар баррасӣ намояндагони созмонҳои иҷтимоии минтақа ширкат карданд.

Ин дуввумин ҷаласае аз ин қабил аст ва дар он ширкаткунандагон дар бораи сохтмони ниругоҳи Роғун ва таъсири он ба муҳити зист гуфтугӯ мекунанд. Натиҷаҳои муқаддамотии расидагиҳои фаннӣ ба ширкаткунандагон пешкаш гардид.

Ҷаласаи аввал бо ширкати намояндагони кишварҳои минтақа 17-19 маи соли ҷорӣ дар Алмаато баргузор шуда буд.
XS
SM
MD
LG