Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Барак Обама дар интихобот пирӯз шудааст


Бар тибқи пешбинии шабакаҳои телевизионии Амрико, Барак Обама, рақибаш аз Ҳизби Ҷумҳурихоҳ, Митт Ромниро шикаст дода ва бори дуввум раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида интихоб шудааст. Бар тибқи пешбиниҳо Барак Обама, дар аёлати Оҳайо, ки аёлати калаванда ба ҳисоб меравад, аксарияти раъйҳоро ба даст оварда ва аз 270 раъйи зарурӣ маҷлисҳои интихобӣ ҳам ба раъйи бештар соҳиб шудааст. Бар асоси пешбиниҳо ва натиҷаҳои муқаддамотӣ, Барак Обама дар аксари аёлатҳои калаванда ба мисли Оҳайо, Айова, Мичиган, Ню Ҳемпшир, Пенсилвания ва Висконсин пирӯз шудааст. Ҳамчунин пешбинӣ мешавад, ки Барак Обама, раъйи аксариятро дар аёлатҳои Ню Йорк, Массачусетс, Калифорния, Орегон ва Вашингтону Ҳаваӣ зодгоҳи худи Обама пирӯз мешавад. Бино ба ҳамин пешбиниҳо Митт Ромн дар аёлати Мичиган, ки падараш онҷо губернатор буд, шикаст хӯрдааст.
XS
SM
MD
LG