Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Раъйдиҳӣ дар интихоботи Амрико ба поён мерасад


Даҳҳо миллион нафар дар саросари Амрико имрӯз дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ширкат карданд, ки дар он Барак Обама, раиси ҷумҳури феълӣ ва Митт Ромни рақиби ӯ аз Ҳизби Ҷумҳурихоҳ бо ҳам рақобат доранд. Раъйдиҳӣ дар баъзе аз ҳавзаҳо дар манотиқи шарқии Иёлоти Муттаҳида ба поён мерасад, аз ҷумла дар аёлати Вирҷиния, ки фосилаи андаке дар миёни ҳарду номзад вуҷуд дорад. Аёлатҳои ба истилоҳ калавандае ба мисли Вирҷиния дар пирӯзии номзад нақши калидӣ доранд. Ҳавзаҳои интихоботӣ дар ду аёлати калавандаи дигар Оҳайо ва Каролинаи Шимолӣ соати 5 30 ба вақти Душанбе баста мешаванд. Дар аёлатҳои Флорида ва Пенсилвания доир ба мушкилот дар ҷараёни раъйдиҳӣ мушоҳида шудааст. Дар баъзе аз аёлатҳо навбатҳои тӯлонӣ дар қитъаҳои раъйдиҳӣ ба чашм расидааст.
XS
SM
MD
LG