Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

САҲА: "Нозирони мо стандартҳои дугона надоранд"


Жоао Суареш, раиси намояндагии гурӯҳи нозирони парлумонии САҲА
Жоао Суареш, раиси намояндагии гурӯҳи нозирони парлумонии САҲА

Масъулони САҲА мегӯянд, барои назорати интихобот дар кишварҳои пасошӯравӣ ва ғарбӣ стандарти дугона надоранд.

Рӯзи сешанбе, 6-уми ноябр, гурӯҳи нозирони Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо (САҲА) ҳамроҳ бо нозирони маҳаллӣ интихоботи раёсати ҷумҳури Амрикоро муроқибат карданд.

Дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ дар назди яке аз ҳавзаҳои интихоботии Вашингтон, Жоао Суареш -- раиси намояндагии гурӯҳи нозирони парламентии САҲА гуфт, 100 нозири онҳо ба ҳавзаҳое рафтаанд, ки дар он рақобати шадид байни президенти кунунӣ Барак Обама ва довталаби курсии президентӣ аз Ҳизби ҷумҳурихоҳ Митт Ромнӣ мушоҳида мешавад.

Ҳамчунон Идораи ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари САҲА (ODIHR) як гурӯҳи иборат аз 50 нозирро барои назорати интихоботи президенти Амрико ба ин кишвар фиристодааст. Ба гуфтаи Суареш, нозирони САҲА стандартҳои дугона надоранд ва тавре интихобот дар кишварҳои Шӯравии собиқро муроқибат мекунанд, ба ҳамон шакл интихобот дар мамолики ғарбиро низ назорат менамоянд.

Тахмин меравад, ки САҲА натиҷагириаш аз интихоботи раёсати ҷумҳури Иёлоти Муттаҳидаро дар давоми ҳафтаи ҷорӣ пешниҳод хоҳад кард. Ин дар ҳолест, ки қаблан чанде аз созмонҳои ғайридавлатии Русия интихоботи Амрикоро на озод ва на одилона хонда буданд.

Ба қавли ин созмонҳои рӯ ба Кремл интихоботи президентии ИМА, ки дар он тамоми шароит барои пирӯзии Барак Обама фароҳам оварда шудааст, ҷавобгӯи меъёрҳои байналмилалӣ нест.

Ҳолу ҳавои интихоботи Амрико дар гуфтугӯ бо хабарнигори Озодӣ Гулнози Исфандиёрӣ, ки дар Вашингтон қарор дорад:

лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:37 0:00
Линки мустақим
XS
SM
MD
LG