Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Омӯзгорони макотиби Тоҷикистон ба хонандаҳо ҳушдор додаанд, ки эҳтиёткор бошанд, то тӯъмаи одамрабоён нагарданд.

Масъулини кӯдакистонҳо ҳам волидонро огоҳ намудаанд, ки минбаъд фарзандонашонро на ба воситаи дигарон, балки шахсан оварда, баранд. Гуля Ниёзова, як модар, дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, то имрӯз аз ҳамсояву ҳамкорон дар бораи кӯдакдуздиҳо шунида буд, аммо баъди таъкиди муррабияи фарзандаш тарсу ҳароси ӯ бештар шуд.

"Муррабия гуфт, минбаъд кӯдакон танҳо ба дасти падару модаронашон супорида мешаванд, на ба афроди дигар. Ман ҳам ростӣ тарсон шудам. Бори дигар аз мураббия хостам, ки фарзандамро хуб нигоҳубин кунад ва ба фарзандам ҳам фаҳмондам, ки аз муаллимаҳо дур нашавад, ба назди одамони бегона наравад. Ба ҷои кор омадам, ҳама ҳамин гапро мезнанд. Ба наздиконам ҳам занг зада гуфтам, ки фарзандони хурдсолашонро эҳтиёт кунанд",-гуфт ӯ.

Ба якборагӣ оғоз шудани як навъ маъракаи ба қавле огоҳсозӣ дар мактабу кӯдакистонҳо дар ҳолест, ки вазорати маорифи кишвар ва ҳам раёсати маорифи шаҳри Душанбе мегӯянд, аз чунин таъкидсозиҳо дар муассисаҳои томактабӣ ва таълимӣ хабар надоранд ва ягон дастур ё мактубе ҳам бо ин маънӣ ба муассисаҳои таълимӣ ва томактабӣ ирсол нашудааст.

Соҳибназар Сафаров, як масъули Раёсати маорифи шаҳри Душанбе, дар ин зимн гуфт: "Ин хел дастур на аз ҷониби мақомоти ҳокимияти давлатӣ, на аз сӯи вазорати маорифу на раёсати маорифи шаҳр содир нашудаст. Аммо дар маҷмӯъ бо мақомоти дохилӣ мо як нақшаи чорабиниҳо дорем, ки дар мактабҳо байни хонандаҳо барои ҷилавгирӣ аз ҷиноят ва дар доираи қонуни масъулияти падару модар фаҳмондадиҳиҳо мегузаронем."

Шаҳриёр

Шаҳриёр

Сару садоҳои мухталиф атрофи пайдо шудани афроде, ки гӯё бо мошинҳои сиёҳшиша дар кӯчаҳо гаштаву бо роҳи фиреб ва бо истифода аз ҷонварон ё бозичаҳо кӯдаконро ба худ ҷалб карда медузданд имрӯз тамоми манотиқи кишварро фаро гирифтааст.Тибқи ин овозаҳо аслан атфол аз сӯи ин афрод ба хотири гирифтани узви баданашон дуздида мешаванд ва бинобар шоеаҳо гӯё дар кишвар аллакай чанд ҳодисаи дуздии кӯдакон мушоҳида шудааст.

Ин овозаҳо аз ноҳияи Ҳисор пас аз ғайб задани тифли 3 солае сар заданд. Баъд аз 18 рӯзи ин ҳодиса ҷисми беҷони Шаҳриёри хурдсол аз дохили рӯдхонаи Хонақоҳ пайдо шуд. Волидони Шаҳриёри ғурамарг қаблан ба “Озодӣ” гуфта буданд, писараки ҳамсояашон ба онҳо хабар додааст, ки нафарони номаълуме Шаҳриёрро ба як мошини сиёҳшиша савор карда гуфтаанд аз хешовандони онҳоянд ва ӯро ба шаҳр тамошо мебаранд. Аммо бино ба иттилои мақомоти дохилии кишвар дар бадани ин тифл ягон осеб ва ё осори зӯроварӣ дида намешуд. Вазорати корҳои дохила баъди ин қазия, дар бархе аз расонаҳо эълон дошт, ки сару садоҳо атрофи кӯдакдӯзӣ асос надоранд.

Аммо ба ҳар сурат назару бархурд ба авҷ гирифтани чунин шоеаҳо мухталиф аст. Бархе бо ин боваранд, ки "то шамол нашавад шохи дарахт намеҷунбад" ва ба асос доштани ин овозаҳо бовар доранд. Муҳсиддин, як ҷавони тоҷик аз ноҳияи Ҳисор, мегӯяд, ҳоло дар ин ноҳия бархе ҳатто бо дидани мошинҳои сиёҳшиш ба хонаҳои худ гурехта пинҳон мешаванд: "Ин овозаҳо ба дараҷае паҳн шудааст, ки мошинро дида, занҳои калон ҳам, кӯдаконро гирифта мегурезанд. Намедонам давлат чӣ роҳҳои пешгириро пеш гирифтааст, аммо тарсу ваҳм дар дили мардум ҷо аст. Аммо ба фикри ман чунин ҳодисаҳо ҳаст, аммо масъулин намехоҳанд онро ифшо кунанд, то овозаи барзиёд паҳн нашавад. Чизи набуда паҳн намегардад."

Рустам Маҷидов мегӯяд, аслан овозаҳо ҳамеша дар ҷомеаи мо вуҷуд доштанд. Аммо ба қавли ӯ ҳарчанд дар ин маврид ягон далели дақиқе оварда намешавад, дар ҳар сурат эҳтиёт хуб аст ва даъват аз волидон ҳам барои назорати кӯдакон аз фоида холӣ нест. Мусоҳибони мо мегӯянд, дар шароите, ки ин сару садоҳо миёни ҷомеа таҳлука ва тарсу ваҳмро ба бор овардаанд, мақомот бояд тавассути шабакаҳои давлатӣ иттилои дақиқ дода, аз густариши минбаъдаи ин таҳлукаандозиҳо ҷилавгирӣ намояд.

Хонандаи азиз, моро дар шабакаҳои Facebook, Twitter ва Youtube низ ҳамроҳӣ кунед!

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG