Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Занони маҳбуси эронӣ гуруснанишиниро қатъ карданд


Занони маҳбуси зиндони Эвини Теҳрон гуруснанишинро қатъ карданд ва эълом доштанд, ки муҳофизони зиндонро ба додгоҳ мекашанд. Бино ба гузориши расонаҳои эронӣ, 9 тан аз маҳбусони сиёсии зан дар эътироз ба тафтиши ногаҳонии маҳалли нигаҳдории онҳо ва тафтиши бадану васоили шахсиашон гуруснанишинӣ эълом карда буданд.

Рӯзи сешанбе созмони Хабарнигорони бидуни марз аз занҳои маҳбус даъват кард, ки гуруснанишиниро қатъ кунанд, то ба вазъи сиҳаташон осеб нарасад.

Дар ҳамин ҳол дар ҳамин маҳбас Насрин Сутуда, ҳомии ҳуқуқи башари Эрон, гуруснанишиниро идома медиҳад. Ӯ аз 21 октябр, баъди аз сӯи маъмурияти маҳбас манъ шудани дидор бо наздикону пайвандонаш, аз обу ғазо даст бардошт.
XS
SM
MD
LG