Пайвандҳои дастрасӣ

Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар бозии дӯстона дар Теҳрон аз тими миллии Эрон бо ҳисоби 1:6 шикаст хӯрд.

Бозии дӯстона миёни тимҳои миллии Эрон ва Тоҷикистон 6-уми ноябр дар варзишгоҳи “Озодӣ”-и Теҳрон бо ҳузури 30 ҳазор тамошогар баргузор шуд.

Футболбозони Эрон дар нимаи аввали дидор чор гол ба самар расонданд: Абулқосим Деҳнавӣ (дақиқаи 9-ум, 1:0), Ёқуб Каримӣ (12, 2:0), Абулқосим Деҳнавӣ (30, 3:0), Ёқуб Каримӣ (31, 4:0). Ду голи дигарро мизбонон дар нимаи дувум заданд: Аҳмад Ҳасанзода (49, 5:0), Алиризо Аббосфард (89, 6:1).

Як голи мунтахаби Тоҷикистонро Соҳиб Саванқулов дар нимаи дувуми дидор, дар дақиқаи 67-ум, замоне ки ҳисоб 5:0 ба нафъи мизбонон буд, ба ҳадаф расонд.

Мутахассиси сербиягӣ Никола Кавазович, сармураббии тими миллии Тоҷикистон, ба ҳайати дастаи мунтахаби кишвар 24 футболбозро аз панҷ бошгоҳи лигаи олии кишвар даъват кардааст.



Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии дӯстона бо тими миллии Эрон бо чунин ҳайат ба майдон омад:

дарвозабон: Алишер Тӯйчиев («Истиқлол»); ҳимоятгарон: Далерҷон Тухтасунов, Алексей Неъматов, (ҳарду аз «Регар-ТадАЗ»), Соҳиб Саванқулов («Истиқлол»); нимҳимоятгарон: Маҳмадалӣ Содиқов, Нуриддин Давронов, Давронҷон Эргашев (ҳама аз «Истиқлол»), Ҷамшед Исмоилов, Хуршед Маҳмудов, капитани даста (ҳарду аз «Регар-ТадАЗ»); ҳамлагарон: Аҳтам Ҳамроқулов, Комил Саидов (ҳарду аз «Регар-ТадАЗ»).

Бозигарони эҳтиётӣ:

дарвозабонҳо: Фаррух Бердиев («Истаравшан»), Алишер Додов («Регар-ТадАЗ»); ҳимоятгарон: Эраҷ Раҷабов, Ҷаҳонгир Ҷалилов (ҳарду аз «Истиқлол»), Аҳтам Назаров («Энергетик»), Наим Улмасов («Вахш»); нимҳимоятгарон: Фатҳулло Фатҳуллоев, Дилшод Восиев, Умедҷон Шарифов, Иброҳим Рабимов (ҳама аз «Истиқлол»), Ҷамолиддин Зардиев («Вахш»), ҳамлагарон: Юсуф Рабиев, Фарҳод Тоҳиров (ҳарду аз «Истиқлол»).

Дар нимаи дувуми бозӣ дар ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба ҷойи Алексей Неъматов, Ҷамшед Исмоилов, Даврон Эргашев, Аҳтам Ҳамроқулов, Маҳмадалӣ Содиқов ва Далерҷон Тухтасунов ба майдон Эраҷ Раҷабов, Ҷаҳонгир Ҷалилов, Иброҳим Рабимов, Фатҳулло Фатҳуллоев, Дилшод Восиев ва Наим Улмасов омаданд.

Ҳайати тими миллии Эрон:
12. Раҳмон Аҳмадӣ, 2. Ёқуб Каримӣ, 3. Эҳсон Ҳаҷсафӣ, 5. Умед Назарӣ, 8. Алӣ Каримӣ, 13. Ҳусейн Маҳинӣ, 14. Милод Нурӣ, 16. Шуҷоъ Халилзода, 17. Абулқосим Деҳнавӣ, 19. Саид Ҷалол Рафкаӣ, 20. Муҳаммад Нусратӣ.

Бозигарони эҳтиётӣ: 1. Меҳдӣ Раҳматӣ, 4. Ҷалол Ҳусейнӣ, 6. Ҷавод Некуном, 7. Муҳаммад Нурӣ, 9. Муҳаммадризо Халатбарӣ, 10. Карим Ансарифард, 11. Алиризо Аббосфард, 15. Пеҷман Мунтазарӣ, 18. Пеҷман Нурӣ, 21. Ораш Афшин, 22. Соша Макамӣ, 23. Аҳмад Ҳасанзода.

Сардовар: Ёдуллоҳ Ҷаҳонбозӣ, ёваронаш – Муҳаммад Ризо Мансурӣ, Бабак Доварӣ, довари эҳтиётӣ – Муҳаммад Ризо Акбариён.

Ба гуфтаи Никола Кавазович, сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон, бозии дӯстона бо тими миллии Эрон, ки яке аз дастаҳои пурқуввати Осиё ба шумор меравад ва миёни беҳтарин тимҳои миллии ҷаҳон шомил аст, барои футболбозони тоҷик яке аз давраҳои омодагӣ ба сабқати интихобии Ҷоми даъвати АФК маҳсуб мешуд.

Ин бозӣ барои футболбозони Эрон бошад, як марҳилаи омодагӣ ба даври чаҳоруми мусобиқаи интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2014 ба шумор мерафт. 14-уми ноябр мунтахаби Эрон таҳти сарварии мутахассиси португолӣ Карлуш Кейруш дар Теҳрон бо тими миллии Узбакистон рақобат хоҳад кард.

Бояд тазаккур дод, дастаҳои мунтахаби Тоҷикистону Эрон аз ин пеш бо ҳам се бозӣ анҷом дода буданд. Ҳарсе бозӣ дар қарни гузашта доир шуда буд. Нахустин бозии ин дастаҳо 13-юми июни соли 1993 дар доираи мусобиқаи байналмилалӣ дар Теҳрон буд, ки бо пирӯзии мунтахаби Эрон бо ҳисоби 1:0 хотима ёфта буд.

Бозии дувум миёни тимҳои мунтахаби Эрон ва Тоҷикистон 10-уми декабри соли 1998-ум дар Бангкок (Тайланд) дар доираи Бозиҳои осиёӣ бо ҳисоби бузурги 5:0 ба нафъи эрониҳо ба анҷом расида буд.

Бозии охирин 12 сол муқаддам - 28-уми ноябри соли 2000-ум дар Табрез дар доираи бозиҳои сабқати интихобии Ҷоми ҷаҳон-2002 баргузор шуда буд. Ин бозӣ низ бо пирӯзии тими миллии Эрон бо ҳисоби 2:0 поён ёфтааст.

Хонандаи азиз, моро дар шабакаҳои Facebook, Twitter ва Youtube низ ҳамроҳӣ кунед!

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG