Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Димишқ бародари раиси парлумони Сурия кушта шуд


Дар як ҳамлаи мусаллаҳона дар Димишқ, пойтахти Сурия, Муҳаммад Усома Лаҳам, бародари раиси парлумон Ҷиҳод Лаҳам, ба ҳалокат расид. Ба иттилои хабаргузории SANA, мошини Лаҳам аз сӯи афроди ношинос тирборон шуд.

Аз ин пеш дар бархе манотиқи Димишқ, бори аввал дар чанд ҳафтаи ахир, миёни нерӯҳои ҳукуматӣ ва мухолифини мусаллаҳ задухӯрди шадид ба вуқӯъ пайваст.

Дирӯз дар шаҳри Ҳалаб бар асари тирборон шудани як намоиши пуштибонӣ аз Башор Асад шаш нафар кушта шуданд. Ҳомиёни ҳуқуқи башари Сурия дар бораи тирборон ва ҳамлаи ҳавопаймоҳои ҳукуматӣ ба бархе аз мавзеъҳо дар манотиқии марказии Сурия ва дар марз бо Исроил хабар доданд. Теъдоди қурбониён ҳанӯз маълум нест.
XS
SM
MD
LG