Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мухолифини ҳукумати Украина эътирозро идома медиҳанд


Дар Киев тақрибан дусад тан аз ҷонибдорони мухолифин пикет дар канори бинои Комиссиюни марказии интихоботии Украинаро идома медиҳанд. Онҳо иддао доранд, ки дар интихоботи парлумонии рӯзи 28 октябр, тақаллуб ҷой дошт.

Верховная Радаи Украина имрӯз тасмим гирифт, ки комиссиюни муваққатии тафтишотиро таъсис кунад, ки ҳадафаш – тафтиши вазъ дар чанд қитъаи интихоботии якмандата аст. Аз ин пеш Комиссиюни марказии интихоботӣ аз парлумон хост, ки дар панҷ қитъаи якмандата интихоботи такрорӣ таъин кунад. Аммо мухолифин мегӯянд, ки онҳо фақат баршумурдани такрории раъйҳо дар ин қитъаҳоро талаб доранд.

Натоиҷи расмии интихобот нашр нашудааст, ҳарчанд мақомоти интихоботӣ 99,5 дар сади баргаҳои раъйдиҳиро баршумурдаанд. Бар пояи иттилои пешакӣ, дар интихобот Ҳизби манотиқи раисиҷумҳур Виктор Янукович пирӯз шудааст. Ҳизби мухолифи “Баткившина”-и нахуствазири пешин Юлия Тимошенко дар мақоми дуюм қарор дорад.Ҳизби ҳукмрон аз ҳисоби вакилоне, ки дар ҳавзаҳои якмандата пирӯз шудаанд, курсиҳои бештарро дар парлумон ишғол хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG