Пайвандҳои дастрасӣ

Юнониҳо боз даст ба коршиканӣ заданд


Антонис Самарас

Антонис Самарас

Дар Юнон коршикании умумии 48-соата ба нишони эътироз алайҳи чораҳои шадиди сарфаи буҷа шурӯъ шуд. Ҳукумат аз ин чораҳо ба хотири бурунрафт аз бӯҳрони қарзӣ кор гирифтааст.

Имрӯз ҳаракати нақлиёт, аз ҷумла, автобусу қатораҳо қатъ ва парвоз дар аксар хатсайрҳо лағв карда хоҳад шуд. Дари муассисаҳои давлатӣ, бонкҳо ва мактабҳо баста мешавад. Ба коршикании умумӣ кормандони муассисаҳои табобатӣ ҳам ҳамроҳ хоҳанд шуд.

Шоми дирӯз нерӯҳои полис ба хотири ҷилавгирӣ аз эҳтимоли хушунат ҳангоми намоишҳои эътирозӣ дар минтақаи атрофи муассисаҳои ҳукуматӣ мустақар шуданд.

Аз ин пеш ҳукумати Юнон аз парлумон хост, то бастаи нави чораҳои сарфаи шадиди буҷаро тасдиқ кунад, Бар пояи он, коҳиши хароҷоти буҷа ба маблағи 13,5 миллиард евро ва ҷорӣ кардани қоидаҳои нави ба кор гирифтан ва аз кор ихроҷ намудани кормандон дар назар аст. Фақат дар сурати аз сӯи парлумон пазируфта шудани ин пешниҳоди ҳукумат Иттиҳодияи Аврупо ва Сандуқи байнулмилалии пул бахши навбатии кӯмаки молияро дар ихтиёри Афина мегузоранд.
XS
SM
MD
LG