Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Райъдиҳӣ дар интихоботи президентии ИМА шурӯъ шуд


Раъйдиҳӣ дар шаҳраки Диксвилл-Нотчи аёлати Ню-Ҳампшир
Раъйдиҳӣ дар шаҳраки Диксвилл-Нотчи аёлати Ню-Ҳампшир
Дар ИМА раъйдиҳӣ дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ шурӯъ шуд. Аввалин қитъаҳои раъйдиҳӣ дар шаҳраки Диксвилл-Нотчи аёлати Ню-Ҳампшир боз шуданд. Барак Обама, номзад аз Ҳизби демократ, барои боз чаҳор соли дигар дар Кохи Сафед боқӣ мондан мубориза мебарад. Барои мақоми олии кишвар бо ӯ Митт Ромнӣ, волии собиқи Масачусетс, номзади Ҳизби ҷумҳурихоҳон, рақобат мекунад.

Рӯзи душанбе, дар охирин рӯзи маъракаи интихоботӣ, ҳарду довталаб дар аёлатҳои “калаванда”, ки ба кадом номзад бартарӣ доданашон ҳанӯз маълум нест, мулоқот доир карданд. Барак Обама маъракаи худро дар шаҳри Де-Мойне, аёлати Айова ба поён расонд – ӯ соли 2007 мубориза барои номзади Ҳизби демократ дар интихоботи президентӣ шуданро маҳз аз ҳамин аёлат шурӯъ карда буд. Митт Ромнӣ бо интихобкунандагон дар аёлати Огайо мулоқот кард – ба гуфтаи коршиносон, шадидтарин мубориза миёни номзадҳо дар ин аёлат сурат мегирад.

Бар пояи назарпурсиҳо, Обама ва Ромнӣ барои пирӯзӣ шонсҳои баробар доранд, аммо дар аёлатҳои “калаванда” раисиҷумҳурии феълӣ аз бартарии андак бархурдор аст.

Натоиҷи пешакии раъйдиҳӣ субҳи рӯзи чаҳоршанбе маълум хоҳад шуд.

Имрӯз амрикоиҳо ҳамчунин волиҳои чанд аёлат, ҳайати нави Маҷлиси намояндагон ва аз се як ҳиссаи вакилони Сенатро низ интихоб мекунанд.
XS
SM
MD
LG