Пайвандҳои дастрасӣ

Владимир Путин вазири дифои Русияро барканор кард


Анатолий Сердюков

Анатолий Сердюков

Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, вазири дифои кишвар Анатолий Сердюковро ба истеъфо фиристод ва ба ҷойи ӯ волии вилояти Маскав Сергей Шойгуро таъин кард. Дар ин бора худи Путин дар мулоқот бо Шойгу хабар дод. Ӯ истеъфои вазири пешинро “бо авзоъ дар атрофи вазорати дифоъ ва таъмини шароит барои тафтиши воқеъбинонаи ҳама масоил” марбут кард.

Чанде пеш Кумитаи тафтишоти Русия аз рӯи қазияи қаллобӣ зимни фурӯши моликият ва қитъаҳои замин аз сӯи ширкати “Оборонсервис”, як муассисаи вазорати дифоъ, панҷ парвандаи ҷиноӣ боз намуд. Дар чаҳорчӯби ин парванда аллакай се гумонбар боздошт шудаанд.
XS
SM
MD
LG