Пайвандҳои дастрасӣ

Амрико имрӯз раиси ҷумҳури нав интихоб мекунад


Имрӯз мардуми Амрико ба хотири интихоби раиси ҷумҳури нави кишвар ба пойи сандуқҳои раъй мераванд. Дар интихобот, ки соати 3 ба вақти Душанбе шурӯъ мешавад, мардум аз миёни Барак Обама, раиси ҷумҳури феълӣ ва Митт Ромни рақиби ӯ аз Ҳизби Ҷумҳурихоҳ якеро барои чаҳор сол ба Кохи Сафед мефиристанд. Бино ба назархоҳиҳо, ҳарду номзад тақрибан шанси баробари пирӯзӣ доранд, аммо тарафдорони Барак Обама дар баъзе аз аёлатҳои Амрико андаке бештар будаанд. Низоми интихоботии Амрико аз дигар низомҳо фарқ мекунанд ва барои пирӯз шудан, яке аз номзадҳо бояд раъйи аксарияти баъзе аз аёлатҳои сераҳолии Амрикоро ба даст биёрад.
XS
SM
MD
LG