Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Украина моҷарои наве бархост


Дар Украина моҷаро бар сари натиҷаҳои интихоботи порлумонӣ авҷ мегирад, ки дар инҷо мухолифон мехоҳанд, дар баъзе аз ҳавзаҳо райъи мардум аз нав шумурда шавад. Мухолифони давлат мегӯянд, ки мақомоти интихоботӣ бо дасткории натиҷаҳои интихоботи рӯзи 28 октябр, онро ба нафъи ҳизби ҳоким чархонидаанд. Шоми душанбе раҳбарони мухолифон аз Кумиссиёни Марказии Интихоботи Украина хостанд, ки натиҷаҳои интихобот дар 13 ҳавзаро аз сар бишуморанд, аммо мақомоти интихоботӣ гуфтанд, ки танҳо дар 5 ҳавза интихоботи такрорӣ баргузор мекунанд. Арсений Ятсенюк, яке аз пешвои мухолифон гуфт, ки онҳо на интихоботи такрорӣ, балки бозшумории ороро талаб доранд. Кетрин Эштон, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо аз мақомоти Украина хостааст, ҳарчӣ зудтар натиҷаҳои интихоботро эълом кунанд, ки “ифодагари иродаи воқеъии раъйдиҳандагони украинӣ бошад.”
XS
SM
MD
LG