Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Тоҷикистон талош дорад, “Маркази мониторинги шабакаҳои АйПӣ (IP)”-ро таъсис диҳад.

Дар гузашта низ раҳбарони собиқи Вазорати нақлиёт ва мухобирот барои эҷоди Маркази ягонаи комутаторӣ кӯшиш карда буданд, аммо дар ин росто муваффақ нашуданд. Вале Бег Зуҳуров, собиқ муовини вазири нақлиёт ва мухобироти вақт ва раиси феълии Хадамоти алоқа, дар чанд соли охир бо ҳар роҳ мехоҳад, то ниҳодеро ба ин манзур роҳандозӣ кунад.

Ин аст, ки ахиран тавассути Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ба вазоратҳои молия, адлия, рушди иқтисод ва савдо, ҳамчунин кумитаҳои амният ва сармоягузории кишвар, тарҳи Маркази мониторинги шабакаи АйПӣ (IP) пешниҳод шудааст. Масъулони Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон тасдиқ карданд, ки лоиҳаи мазкур ба онҳо расида буд. Ҷамшед Ҳалимов, як масъули ин вазорат дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, зимни таҳлили ин нома онҳо ба хулосае омадаанд, ки дар доираи ваколатҳои худ Хадамоти алоқа дар ҳамкорӣ бо коршиносони соҳа масъалаи таъсиси маркази мазкурро бори дигар баррасӣ намоянд.

Бег Зуҳуров

Бег Зуҳуров

Ӯ гуфт, "дар ин мактуб маълумотнома замима шуда буд, ки дар он ҷиҳати молиявӣ ва иқтисодии вобаста ба таъсиси марказ, ягон чиз маълум набуд. Зарурати таъсиси марказ дар ҳолате қобили дастгирист, ки ҷиҳати техникӣ, асосноккунии иқтисодиву молиявӣ дар он пурра таҳлил карда шуда, бо ҷалби мутахассисони баландихтисос манзур карда шавад. Дар ин ҳолат, ягон монеа мавҷуд нахоҳад буд."

Тибқи номае, ки Бег Зуҳуров, раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, ба вазоратхонаҳои кишвар ирсол шудааст, зарурати таъсиси ин марказ ба ҳадафи таъмини амнияти иттилоотӣ, ҷилавгирӣ аз мавориди нақзи ҳуқуқи шахсони ҳуқуқиву воқеӣ ва муайян намудани масъулият барои пешниҳоди хадамоти пастсифат шарҳ ёфтааст.

Дар ин нома ҳамчунин омадааст, "ҳангоми пешниҳоди хидматрасонӣ дар соҳаи алоқаи барқӣ як қатор қонун ва санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ ба ҳангоми бақайдгирии муштариён ва истифода аз хидматрсонии интернет риоя нагашта, амнияти иттилоотӣ халалдор гардида, ба ин васила амалҳои таҳдидкунандаи суботи миллӣ ба воситаи иттилоот сурат мегиранд. Саривақт танзим нагардидани хадамоти мазкур авзои сиёсии кишварро метавонад зери таҳдид қарор диҳад."

Аммо дар ин зимн худи Бег Зуҳуров ирсоли чунин мактуб ва ҳам талоши ташкили маркази мазкурро рад мекунад. Ӯ мегӯяд, "ин ҳарфҳо ягон ҳақиқат надоранд ва чунин гап ҳам нест."

Асомуддин Атоев

Асомуддин Атоев

Асомиддин Атоев, раиси Академияи иттилоот ва коммуникатсияи Тоҷикистон, ки аз талошҳои Хадамоти алоқа дар мавриди таъсиси ин марказ огоҳ аст, онро аз иқдоме унвон мекунад, ки баръакс амнияти иттилоотиро ба ҳам мезанад. Ба таъкиди вай, "вақте ҳама шабакаҳо ҳатман ба таври физикӣ бояд ба як марказ пайваст шаванд, ин маънои онро дорад, ки тамоми бозор вобастаи технологияҳои як ширкати истеҳсолкунанди таҷҳизоти мухобиротӣ мегардад. Дар ин ҳолат мо як луқмаи хубе мешавем, барои бадхоҳоне, ки дар шабакаҳои интернет чунин заифиро барои ҳамла овардан ва шикастани шабакаҳо дар лаҳзаҳои ҳассос, масалан, дар вақти интихобот истифода мебаранд. Чун яке аз ташаббусҳои Тоҷикистон ҳам татбиқи ҳукумати электронист ва шояд дар оянда низ интихобот тариқи электронӣ сурат бигиранд. Агар мо ин марказро таъсис диҳем, дар ин ҳолат чунин заифиҳо пайдо мешаванд."

Ҷаноби Атоев ташаббуси Хадамоти алоқаро ҳам дар соҳаи мухобирот ва рақобатпазирӣ дар бозор ғайриқонунӣ арзёбӣ кард. Соҳибназарон мегӯянд, иқдоми ахири Хадамоти алоқа бештар дар ростои интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ва ба хотири маҳдуд кардани озодиҳои дастрасӣ ба хадамоти интернет ва рушди шабакаҳои иҷтимоӣ, ки хеле фаъол шудааст, рӯи даст гирифта шудааст.

Хонандаи азиз, моро дар шабакаҳои Facebook, Twitter ва Youtube низ ҳамроҳӣ кунед!

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG