Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

4000 парвандаи ҷиноӣ нисбати муҳоҷирони ғайриқонунӣ дар Русия


Дар Русия соли ҷорӣ беш аз чор ҳазор парвандаи ҷиноӣ дар нисбати муҳоҷирони ғайриқонунӣ ифтитоҳ ёфтааст. Бо чунин изҳорот рӯзи душанбе вазири умури дохилии Русия Владимир Колоколтсев дар як нишасти полиси байналмилалии Интерпол дар шаҳри Рум суханронӣ кард. Ба гуфтаи Колоколтсев, ин ҷиноятҳо бо дасти шаҳрвандони кишварҳои мухталиф содир шуда, дар миёни онҳо ҷиноятҳои мисли фурӯши инсон ва муҳоҷирати ғайриқонунӣ ҳам зикр мешаванд. Илова ба ин, гуфтааст вазири рус, соли ҷорӣ аз фаъолияти беш аз 40 гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ ҷилавгирӣ шудааст, ки аз ҳисоби шаҳрвандони Русия, Беларус, Молдова, Ӯзбакистон, Тоҷикистон ва дигар кишварҳо созмон дода шудаанд.

Колоколтсев аз ҳамкорони худ дар кишварҳои узви Интерпол даъват кардааст, ки якҷоя зидди ҷиноятҳои мисли қочоқи инсон мубориза баранд, чун, ба гуфтаи вай, “ғуломдорӣ шаклашро дигар карда, садҳо ҳазор нафаронро ба доми худ мекашад”, - гуфтааст вай. Ба қавли ӯ, “Ин афрод аз роҳи зӯр ба танфурӯшӣ, талбандагӣ, корҳои маҷбурӣ ва хатарнок ҷалб мешаванд”.
XS
SM
MD
LG