Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳоҷирати корӣ ба Кореяи Ҷанубӣ баҳс шуд


Рӯзи душанбе дар пойтахти Тоҷикистон мулоқоти раиси хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати Тоҷикистон Сафийулло Девонаев бо сафири Кореяи ҷанубӣ Ён Ёнг-Ку доир шудааст, ки дар он ба қавли дафтари матбуотии хадамоти муҳоҷират таҳияи қарордод дар бораи муҳоҷират миёни ду кишвар баррасӣ шудааст. Ҷонибҳо ба мувофиқат расидаанд, ки як ҳайати кории Тоҷикистон баҳси ин санадро дар Кореяи Ҷанубӣ давом диҳад. Ба гуфти сафири Кореяи Ҷанубӣ ҳозир дар ин кишвар тахминан 1500 шарҳванди Тоҷикистон иқомат доранд. Ҷониби тоҷик пешниҳод кардааст, ки барои таълими устоҳои микроавтобусҳои Ҳюндай-Старекси истеҳсоли Кореяи Ҷанубӣ гурӯҳҳои 50-100 нафарӣ ба коргоҳи тавлиди ин микроавтобусҳо фиристода шаванд.
XS
SM
MD
LG