Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳабси 3 зани узбак бо ҷурми ҷосусӣ ба Тоҷикистон


Мақомоти Узбакистон эълон карданд, ки се зан аз вилояти ҷанубу шарқии Сурхондарёи ин кишвар бо ҷурми ҷосусӣ ба нафъи Тоҷикистон аз озодӣ маҳрум гаштаанд. Рӯзи душанбе телевизиони Узбакистон иброз дошт, ки занҳо ба муддати 14 ва 15 сол зиндонӣ шудаанд.
Муфаттишон мегӯянд, ду зан шаҳрванди Узбакистон ва зани сеюм фарди бидуни шаҳрвандӣ мебошад, ки дар Тоҷикистон ба дунё омадааст. Муфаттишон меафзоянд, ки занон аз мақомоти амниятии Тоҷикистон ба хотири тақдими маълумот дар бораи биноҳои ниҳодҳои низомиву ҳифзи ҳуқуқу тартибот пул дарёфт кардаанд.
Чанд сол аст, ки баҳс рӯи истифодаи захираҳои обу энергетикаи минтақа ва транзит равобити Узбакистону Тоҷикистонро сард кардааст. Мақомоти Тошканд борҳо интиқоли газу барқро қатъ намуда, рафтуомад миёни ду кишварро мутаваққиф кардаанд.
XS
SM
MD
LG