Пайвандҳои дастрасӣ

Додгоҳи Суғд ҷавони 22-солаеро дар қатли се сокини ин вилоят гунаҳкор дониста, ба ҳабси умрбод маҳкум намуд.

Додгоҳи вилояти Суғд сокини узбактабори ноҳияи Зафаробод, Қувондиқ Иноятови 22-соларо дар куштори се сокини шаҳраки Ғафуров -- Абдусалом Сайфиддинов (66- сола), Мақсуд Тӯйчиев (47-сола) ва Илдар Симашев (37-сола) муҷрим шинохта, ба ҳабси абад маҳкум кард.

Додраси парванда гуфт, қатли ин се нафар шоми 18-уми июли соли ҷорӣ иттифоқ уфтода, ҷасади онҳо танҳо пас аз панҷ рӯзи ҳодиса ошкор гардидааст.

Додгоҳ мегӯяд, он шом (18-уми июл) байни Иноятову Тӯйчиев, ки ду бор барои “қаллобӣ” ва “авбошӣ” муддате дар зиндон будаанд, дар ҳолати мастӣ баҳсу муноқиша сар мезанад. Дар пайи ин моҷаро, Иноятов Тӯйчиевро ҳангоми хоб буданаш ва Симашеву Сайфиддиновро замони ба ёрии ӯ шитофтан, бо зарби табар ба қатл мерасонад. Абдусалом Сайфиддинов дар маркази шаҳраки Ғафуров танҳо мезист ва ӯ қотилу ду мақтулро, ки аз роҳи мардикорӣ дар бозору хонаи одамон рӯзӣ ба даст меоварданд, дар манзили худ ҷо дода буд.

Тӯхтаҷон Сайфиддинова, хоҳари Абдусалом Сайфиддинов, қаблан дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ки ин хабарро аз ҳамсояҳо шунида, ба манзили бародараш омад ва ҷасадҳоро болои кату рӯи ҳавлӣ дид. Ин ҷиноят миёни сокинони Ғафуров нигарониҳоеро ба бор оварда, замони боздиди хабарнигори Радиои Озодӣ аз маҳалли ҳодиса мардум хавотирии худро аз амнияти худу хонаводаашон баён дошта буданд.

Кормандони интизомии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров пас аз як ҳафтаи ин ҳодиса Қувондиқ Иноятовро боздошт карданд, ки ҳамакнун бо ҳукми додгоҳ боқии умри худро дар зиндон сипарӣ хоҳад кард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG