Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Оҷонси назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон аз ҳама қишрҳои ҷомеа хостааст, дар баррасии "Стратегияи зидди маводи мухаддир" ширкат кунанд.

Дафтари матбуоти Оҷонси назорати маводи нашъаовари назди раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, рӯзи 5-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ба ин манзур матни пурраи тарҳи "Стратегияи Тоҷикистон оид ба назорати муомилоти маводи мухаддир барои солҳои 2013-2022"-ро ибтидо дар сомонаи Оҷонсӣ ҷой додаанд ва эҳтимол дар саҳифаи нашрияҳои ҷумҳуриявӣ низ ба нашр расад.

Оҷонси зидди маводи мухаддир мегӯяд, то кунун баъзе вазоратҳо назару пешниҳодҳои худро дар мавриди ин стратегия ба таври хаттӣ пешниҳод кардаанд, вале назари коршиносону журналистон ва доираҳои дигари ҷомеа низ зарур дониста мешавад.

Зарурати таҳияи стратегияи Тоҷикистон оид ба мубориза бо қочоқи маводи мухаддир дар паёми солонаи раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъкид шудааст ва мутахассисони Оҷонсӣ онро омода кардаанд. Тоҷикистон то кунун дар чаҳорчӯбаи барномаҳои мухталиф, бо қочоқи маводи мухаддир ва бо мӯътодони маводи мухаддир мубориза мебарад, вале як стратегияи мушаххас надоштааст.

Коҳиши талабот ба маводи нашъаовар дар байни аҳолӣ, такмили системаи ошкорсозии саривақтии беморони нашъаманд, баланд бардоштани сифати табобат ва офиятбахшии тиббию иҷтимоии онҳо, такмили системаи назорати давлатии муомилоти қонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо, такмили пояҳои ҳуқуқии назорати муомилоти маводи нашъаовар, аз вазифаҳои аслии ин стратегия ба шумор меояд.

Дафтари матбуоти ин Оҷонсӣ мегӯяд, пас аз дастрас кардани пешинҳодҳо ва назари қишрҳои мухталифи ҷомеа, тарҳи стратегия ба ҳукумати кишвар барои такмил пешниҳод хоҳад шуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG