Пайвандҳои дастрасӣ

Таъкиди Италия бар идомаи ҳамкориҳо бо Афғонистон


Марио Монти, нахуствазири Итолиё, рӯзи якшанбе ғайриинтизор вориди Афғонистон шуд ва бо раиси ҷумҳур Ҳомиди Карзай мулоқот кард, Пеш аз ин мулоқот дар Кобул, ӯ дар шаҳри Ҳирот аз қароргоҳи нерӯҳои итолиёӣ дидан кард. Италия дар Афғонистон 3500 сарбоз дорад ва қарор аст, онҳо то охири соли 2014 ҳамроҳ бо дигар нерӯҳои хориҷии ба раҳбарии НАТО Афғонистонро тарк кунанд. Марио Монтӣ гуфт, муҳим аст, то баъд аз ин сол ҳамкориҳои Афғонистон бо ҷомеаи байналмилалӣ идома кунад. Ҳомиди Карзай дар бораи мулоқоташ бо Марио Монтӣ гуфт:“Дар мавриди Афғонистон, интихоботи оянда ва прусаи интиқол (ба ихтиёри нерӯҳои афғон додани масъулиятҳои таъмини амният) сӯҳбат кардем. Ба мисли ки мо мутмаин будем, инҳо ҳам мутмаин буданд, ки иншоолоҳ Афғонистон худро бо дасту пойи худ ба пеш мебарад. Ва ин ки пешрафтҳое кардааст ва ояндаи хубе дар пеш дорад.” Ба навиштаи хабаргузории Фаронса, дар муддати 11 соли ҷанг ба зидди Толибон дар Афғонистон, Италия 52 сарбози худро талаф додааст.
XS
SM
MD
LG