Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон мегӯяд, ҳавопаймои нави бесарнишин сохтааст


Бино ба гузоришҳо, муҳандисони эронӣ навъи нави ҳавопаймои бесарнишини пешрафтаеро офаридаанд, ки ба таври амудӣ парвоз мекунад ва метавонад барои муддате ҳам дар ҳаво муаллақ бимонад. Хабаргузории нимарасмии “Меҳр” аз қавли Аббоси Ҷам, раиси тарҳи мазкур навиштааст, ки ин ҳавопаймо ба зудӣ озмоиш мешавад ва қарор аст, соли оянда онро рӯнамоӣ кунанд. Моҳи октябр Исроил дар қаламрави ҳавоиаш як ҳавопаймои бесарнишинеро сарнагун кард, ки гуфта мешавад, сохти Эрон буд. Гурӯҳи Ҳизбуллоҳи Лубнон гуфт, ки ҳавопаймо ба онҳо тааллуқ доштааст. Мақомоти Эрон гуфтаанд, ки ҳавопаймоҳои бидуни сарнишинаш дар солҳои гузашта чандин маротиба дар қаламрави Исроил парвоз кардаанд, агарчӣ Исроил мегӯяд, ки чунин чизе сурат нагирифтааст. Эрон пайваста дар бораи пешрафти технологияҳои низомиаш хабар медиҳад, аммо таъйиди дурустии ин ахбор ғайримумкин аст.
XS
SM
MD
LG