Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Владимир Путин дар мазҳари ом ҳозир шуд


Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, ки дар бораи сиҳатиаш сару садо зиёд аст, рӯзи якшанбе дар назди як пайкараи ёдгорӣ дар шаҳри Маскав гул гузошт. Ҳафтаи гузашта хабар расид, ки камари Владимир Путин, ҳангоми парвози намоишкоронааш дар делтаплан осеб дидааст. Раиси ҷумҳури Русия агарчӣ оҳиста қадам мезад, вале худаш гулро назди пайкараи ёдгорӣ гузошт. Моҳи сентябр Владимир Путин бо парвоз дар делтаплан, турнаҳои дар вартаи нобудиро ба маҳалли тухмгузориашон ҳидоят кард. Баъди ин чанде ӯ аз чанде аз сафарҳои хориҷиаш даст кашид. Мақомот гуфтанд, ки як мушаки Владимир Путин дардманд шудааст, вале он ба қазияи парвоз ҳеҷ иртибот надорад.
XS
SM
MD
LG