Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аббос: Дар мавриди паноҳҷӯён мавзеъгирии ман тағир наёфтааст


Маҳмуд Аббос
Маҳмуд Аббос
Маҳмуд Аббос ин суханонро дар мусоҳибае бо телевизиони Миср шоми рӯзи шанбе изҳор дошт.

Аббос 2 ноябр низ ба ин нукта таъкид карда буд ва ба шабакаи 2 телевизиони Исроил гуфт, “вай ҳақ дорад шаҳраки худро бо номи Сафед дар шимоли Исроил бубинад, вале ин бад-он маъно нест, ки вай дар он ҷо зиндагӣ мекунад.

Шимон Перес-раиси ҷумҳури Исроил дар посух гуфт, ин суханони Аббосро далериву ҷасорати вайро нишон медиҳад.

Рӯзи шанбе Маҳмуд Аббос гуфт, ташкилоти худгардони Фаластин исрор меварзад, ки масъалаи паноҳҷӯёни фаластинӣ тибқи Қатъномаи 194 СММ ҳал шавад.

Баъд аз ташкили давлати Исроил дар соли 1948 аз ин кишвар 4 миллион фаластинӣ ихроҷ шудаанд ва ё наслҳои ононе мебошанд, ки ихроҷ шудаанд.
XS
SM
MD
LG