Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахуствазири Италия ғайримунтазира аз Афғонистон боздид кард


Марио Монтӣ ва Ҳомид Карзай дар Кобул
Марио Монтӣ ва Ҳомид Карзай дар Кобул
Рӯзи якшанбе Марио Монтӣ-нахуствазири Италия ғайримунтазира вориди шаҳри Ҳироти Афғонистон шуд. Дар ин шаҳр воҳидҳои маҳдуди нируҳои Италия дар таркиби паймони НАТО хидмат мекунанд.

Сипас Марио Монти аз Ҳирот ба Кобул парвоз кард ва дар он ҷо бо Ҳомид Карзай-раиси ҷумҳури Афғонистон мулоқот анҷом дод.

Монти баъд аз мулоқот дар як нишасти хабарии муштарак бо Карзай дар Кобул ба хабарнигорон гуфт, масъалаи муҳими мулоқот ин буд, ки баъд аз хуруҷи нируҳои байналмиллалӣ аз Афғонистон дар соли 2014 низ ҳамкориҳои байналмиллалӣ бо ин кишвар идома ёбад.
XS
SM
MD
LG