Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нию Йорк ҳанӯз бо паёмадҳои Сендӣ мубориза мекунад


Шаҳри Нию Йорк тадриҷан паёмадҳои тӯфони Сендиро бартараф мекунад. То ҳол дар ин шаҳр 875 ҳазор аз нируи барқ маҳруманд. Ҳаво сардтар мешавад ва дар ин рӯзҳо ҳарорат 5 дараҷаи болои сифрро нишон медиҳад.

Шаҳрдор Майкл Блумберг аз сокиноне, ки дар минтақаҳои бебарқ ба сар мебаранд, даъват кард, ки ба сарпаноҳҳои навсохти иҷтимоӣ оянд. Дар ин минтақаҳо шаҳрдорӣ ҳамчунин 25 ҳазор пату ба сокинон тақсим кард.

Дар Нию Ҷерсӣ аҳолӣ ба камбуди бензин ва дизел рӯ ба рӯ шудааст. Блумберг гуфт, мошинҳои бензину дизел дар роҳанд ва ба зудӣ ба Нию Ҷерсӣ хоҳанд расид ва камбуди маводи сӯхт дар ду-се рӯзи оянда бартараф хоҳад шуд.

Ҳоло фаъолияти метрои Нию Йорк 80 дарсад барқарор шудааст.
XS
SM
MD
LG