Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Узбакистон 3 занро ҷосуси Тоҷикистон эълон карданд


Се зан дар Узбакистон бо ҷурми ҷамъоварии маълумоти муҳим барои Тоҷикистон ва "хиёнат ба ватан" зиндонӣ шуданд.

Телевизиони давлатии Узбакистон зимни пахши як барномаи муфассал бо номи "Хиёнаткорони ватан" гуфтааст, ин се зан ба фоидаи Тоҷикистони ҳамсоя ҷосусӣ кардаанд.

Дар барнома гуфта шудааст, ин се зан аз сокинони минтақаи Сурхандарёи Узбакистон мебошанд, ки бо Тоҷикистон марзи муштарак дорад. "Яке аз ин занҳо дар соли 1998 бо афсари пулиси Тоҷикистон издивоҷ кардааст. Дар хабари ҷониби Узбакистон гуфта мешавад,ин издивоҷ аз тарафи хадамоти амнияти Тоҷикистон бо ҳадафҳои ҷосусӣ барномарезӣ шуда буд".

Бино ба гуфтаи телевизиони Узбакистон, ин се зан дар бораи масъалаҳои низомӣ дар Сурхандарё ва силоҳу лавозимоти ҷангии он, идораи додситониву пулис ва хадамоти гумрукӣ дар минтақаи Сариосиё ба хадамоти амнияти Тоҷикистон маълумот додаанд.
Узбакистон ин занҳоро барои хиёнат ба ватан, наздикон ва ҳамватанон маҳкум кардааст. Дар гузашта низ иттиҳомоти ҷосусӣ дар байни ду кишвар ҷой дошт ва муттаҳамшудагон ба мӯҳлатҳои тӯлони зиндонӣ шудаанд.

Аммо бо назардошти "ҷанги сард", ки солҳои охир дар байни ду кишвар ҷараён дорад, гуфтан душвор аст, ки оё иттиҳомот появу асос доранд ва ё ба хотири бадном кардани якдигар пахш мешаванд.
XS
SM
MD
LG