Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шикояти намояндагони маҷлиси Эрон бар зидди Аҳмадинежод


Аҳмадинежод бо Хоманеӣ
Аҳмадинежод бо Хоманеӣ
Бино ба хабаре, ки радиои давлатии Эрон ба нашр расонд, 77 нафар намояндагони Маҷлис ё порламони ин кишвар дар номаи дастаҷамъии худ аз Маҳмуд Аҳмадинежод-раиси ҷумҳур интиқод кардаанд, ки натавонистааст дар бӯҳрони молӣ арзиши пули Эронро нигоҳ дорад.

Бино ба қонунҳои Эрон, раиси ҷумҳур як моҳ вақт дорад, то ба порламон ҳозир шавад ва ба ин номаи намояндагон посух диҳад.

Дар давоми камтар аз як сол бори дуввум намояндагони порламон раиси ҷумҳурро бо чунин номаҳо водор мекунанд, ки дар поламон ба суолҳои онҳо посух диҳад.

Дар миёнаи соли 2011 арзиши як доллар дар Эрон 11 000 риёлро ташкил мекард, вале рӯзи шанбе, яъне дирӯз арзиши он 31 ҳазор риёл буд. Моҳи гузашта як доллар ба 36 ҳазор риёл расида буд.
XS
SM
MD
LG