Пайвандҳои дастрасӣ

Узбакистон "ҷосусҳо"-и Тоҷикистонро ошкор кард


Акс аз бойгонӣ

Акс аз бойгонӣ

Се зан дар Узбакистон бо ҷурми ҷамъоварии маълумоти муҳим барои Тоҷикистон ва "хиёнат ба ватан", зиндонӣ шуданд.

Мақомоти Тоҷикистон аз шарҳи муттаҳам шудани се зан дар Узбакистон, ки бо иттиҳоми ҷосусӣ ба нафъи Тоҷикистон зиндонӣ шудаанд, худдорӣ карданд. Як манбаъ дар мақомоти амниятии ин кишвар ба Радиои Озодӣ гуфт, танҳо дар ҳоли зарурат изҳори назар хоҳанд кард.

Вай илова кард, дар гузашта ҳам ин корҳо буданд, ки кирои шарҳу тафсир намекарданд ва аз ягон кас пӯшида нест, ки барои чӣ кишвари ҳамсоя ин гуна таблиғотро пеш мебарад. Чанде қабл телевизиони давлатии Узбакистон зимни пахши як барномаи муфассал бо номи "Хиёнаткорони ватан" гуфт, се зан ба фоидаи Тоҷикистони ҳамсоя ҷосусӣ кардаанд.

Дар барнома гуфта шудааст, ин се зан аз сокинони минтақаи Сурхандарёи Узбакистон буданд, ки бо Тоҷикистон марзи муштарак дорад. "Яке аз ин занҳо дар соли 1998 бо афсари пулиси Тоҷикистон издивоҷ карда ва ин издивоҷ аз тарафи хадамоти амнияти Тоҷикистон бо ҳадафҳои ҷосусӣ барномарезӣ шуда буд",- гуфтааст телевизиони давлатии Узбакистон.

Гуфта шуд, ин се зан дар бораи қисмати низомӣ дар Сурхандарё ва силоҳу лавозимоти ҷангии он, идораи додситониву пулис ва хадамоти гумрукӣ дар минтақаи Сариосиё ба хадамоти амнияти Тоҷикистон маълумот додаанд.

Торнамои Евразиянет навиштааст, дар ин барнома суҳбатҳое бо ин се зан анҷом шуд, ки ҳамагӣ мегуфтанд, мақомоти амниятии Тоҷикистон онҳоро ба ҷосусӣ маҷбур кардааст. Аммо телевизиони давлатӣ иддаои онҳоро рад карда ва гуфтааст, ин се зан ба ивази маълумот аз Тоҷикистон пул мегирифтанд, вагарна чаро баъд аз бозгашт ба мақомоти марбутаи Узбакистон нагуфтанд, ки онҳоро ба ҷосусӣ маҷбур мекунанд.

Барномаи телевизиони давлатии Узбакистон ин занҳоро барои хиёнат ба ватан, наздикон ва ҳамватанон маҳкум кардааст. Дар гузашта низ иттиҳомоти ҷосусӣ дар байни ду кишвар ҷой дошт ва муттаҳамшудагон ба муҳлатҳои тӯлони зиндонӣ шуданд. Аммо бо назардошти "ҷанги сард", ки солҳои охир дар байни ду кишвар ҷараён дорад, гуфтан душвор аст, ки оё иттиҳомот появу асос доранд ва ё ба хотири бадном кардани якдигар пахш мешаванд. Дар ҳоле ки Тоҷикистон аз тарғиботи рӯирости зидди Узбакистон дар матбуоти давлатӣ худдорӣ мекунад, матбуоти давлатии Узбакистон маъракаи густардаеро бар зидди Тоҷикистон ба роҳ мондаст.

Ин далел, ки телевизиони давлатии Узбакистон барномаи густардаи алайҳи Тоҷикистонро пахш кард ва кишвари ҳамсояро ба ҷалби шаҳрвандони "хиёнатпеша" барои ҷосусӣ муттаҳам намуд, ба маъноест, ки равобити бе ин ҳам сарди ду кишвар ба ин зудӣ беҳбуд нахоҳад ёфт.

Хонандаи азиз, моро дар шабакаҳои Facebook, Twitter ва Youtube низ ҳамроҳӣ кунед!

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG