Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар Теҳрон ба бозии дӯстона бо тими миллии Эрон омодагӣ мебинад.

Футболбозони тоҷик, ки рӯзи шанбе, 3-юми ноябр тавассути ҳавопаймо ба Теҳрон омаданд, дар меҳмонхонаи 5-ситорадори «Истиқлол» ҷойгир шуданд.

Бозии байналмилалии дӯстона миёни тимҳои мунтахаби миллии Эрон ва Тоҷикистон 6-уми ноябр дар варзишгоҳи “Озодӣ”-и Теҳрон, ки ғунҷоишаш 100 ҳазор тамошогар аст, соати 16-у 30 дақиқаи вақти маҳаллӣ (соати 18:00 ба вақти Душанбе) баргузор мешавад.

Мутахассиси сербиягӣ Никола Кавазович, сармураббии тими миллии Тоҷикистон, ба ҳайати дастаи мунтахаби кишвар 24 футболбозро аз панҷ бошгоҳи лигаи олии кишвар даъват кардааст.

Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии дӯстона бо тими миллии Эрон чунин аст:

дарвозабонҳо: Алишер Тӯйчиев («Истиқлол»), Фаррух Бердиев («Истаравшан»), Алишер Додов («Регар-ТадАЗ»);

ҳимоятгарон: Соҳиб Саванқулов, Эраҷ Раҷабов, Маҳмадалӣ Содиқов, Ҷаҳонгир Ҷалилов, Давронҷон Эргашев (ҳама аз «Истиқлол»), Алексей Неъматов, Далерҷон Тухтасунов (ҳарду аз «Регар-ТадАЗ»), Аҳтам Назаров («Энергетик»), Наим Улмасов («Вахш»);

нимҳимоятгарон: Фатҳулло Фатҳуллоев, Дилшод Восиев, Нуриддин Давронов, Умедҷон Шарифов, Иброҳим Рабимов (ҳама аз «Истиқлол»), Ҷамолиддин Зардиев («Вахш»), Хуршед Маҳмудов (капитани даста), Ҷамшед Исмоилов (ҳарду аз «Регар-ТадАЗ»);

ҳамлагарон: Аҳтам Ҳамроқулов, Комил Саидов (ҳарду аз «Регар-ТадАЗ»), Юсуф Рабиев, Фарҳод Тоҳиров (ҳарду аз «Истиқлол»).

Никола Кавазович дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “Эрон яке аз дастаҳои пурқуввати Осиё ба шумор меравад ва миёни беҳтарин тимҳои миллии ҷаҳон шомил аст. Бозии дӯстона бо мунтахаби Эрон барои мо яке аз давраҳои омодагӣ ба сабқати интихобии Ҷоми даъвати АФК маҳсуб мешавад.”

Ин бозӣ барои тими мунтахаби Эрон бошад, як марҳилаи омодагӣ ба даври чаҳоруми мусобиқаи интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2014 маҳсуб мешавад. 14-уми ноябр мунтахаби Эрон таҳти сарварии мутахассси португолӣ Карлуш Кейруш дар Теҳрон бо тими миллии Узбакистон рақобат хоҳад кард.

Бояд тазаккур дод, дастаҳои мунтахаби Тоҷикистону Эрон бо ҳам ҳамагӣ се бозӣ анҷом додаанд. Ҳарсе бозӣ дар қарни гузашта доир шуда буд. Нахустин бозии ин дастаҳо 13-юми июни соли 1993 дар доираи мусобиқаи байналмилалӣ дар Теҳрон буд, ки бо пирӯзии мунтахаби Эрон бо ҳисоби 1:0 хотима ёфта буд.

Бозии дувум миёни тимҳои мунтахаби Эрон ва Тоҷикистон 10-уми декабри соли 1998-ум дар Бангкок (Тайланд) дар доираи Бозиҳои осиёӣ бо ҳисоби бузурги 5:0 ба нафъи эрониҳо ба анҷом расида буд.

Бозии охирин 12 сол муқаддам - 28-уми ноябри соли 2000-ум дар Табрез дар доираи бозиҳои сабқати интихобии Ҷоми ҷаҳон-2002 баргузор шуда буд. Ин бозӣ низ бо пирӯзии тими миллии Эрон бо ҳисоби 2:0 поён ёфтааст.

Хонандаи азиз, моро дар шабакаҳои Facebook, Twitter ва Youtube низ ҳамроҳӣ кунед!

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG