Пайвандҳои дастрасӣ

Даҳҳо муҳоҷири тоҷик, ки дар бозорҳои Қазоқистон машғули тиҷорат буданд, бо мушкили нав рӯбарӯ омадаанд.

Акнун дар Қазоқистон танҳо сокинони ин кишвар, шаҳрвандони Беларусу Қирғизистон ва Русия, ки корти иқомат доранд, метавонанд ба фаъолияти соҳибкории инфиродӣ машғул шаванд. Барои шаҳрвандони кишварҳои дигар, аз ҷумла Тоҷикистон фаъолияти соҳибкорӣ иҷоза дода намешавад ва онҳо чун соҳибкори инфиродӣ сабти ном намегарданд.

Аскар Кабишев, сарвари Идораи молиёт ё андози ноҳияи Алатауи шаҳри Алматӣ, мегӯяд, шаҳрвандони кишварҳои дигар ҳамчун корманди кироя метавонанд дар таҳи дасти соҳибкорони инфиродӣ кор кунанд. Чунин тасмими давлати Қазоқистон муҳоҷирони тоҷикро нигарон кардааст.

Дар ҳоле ки Қазоқистон дуюмин кишварест, ки дар он ҷо муҳоҷирони кории тоҷик зиёданд. Онҳо дар аксар шаҳрҳои ин кишвар ба фаъолият машғуланд ва фаъолияти асосии онҳо тиҷорати меваю сабзавот ва молҳои саноатист. Аз ин нигоҳ, паёмади ин тасмими Қазоқистон ҳазорон тоҷикро, ки дар бозорҳо кор мекунанд, бидуни ҷои кор ва сарчашмаи дарёфти ризқу рӯзӣ хоҳад гузошт. Тӯйчӣ Каримов, як тан аз тоҷирони "Барахолка"-и Алматӣ, ки тақрибан 15 сол боз бо тиҷорати пойафзол машғул аст, гуфт, "ҳар шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар ин ҷо кор мекунад, 10-15 сол пеш омадаанд, молу мулки бисёр ҷамъ кардаанд. Ҳоло ҳамаамон саргардону ҳайронем ва баъзеашон ба тарафи Русия ва баъзеи дигар ба Қирғизистон муҳоҷират мекунанд. Вале молу мулкро ин чо монда рафтан даркор. Ин, албатта, хеле вазнин мешавад…"

Ба гуфтаи Тӯйчӣ, ӯ падару модари пир дорад ва худ соҳиби ягон маълумоти муайяне нест, ки ба Тоҷикистон баргашта, соҳиби ҷои кор шаваду ҳам хонаводаи худ ва ҳам падару модарашро таъмин кунад. "Аз сӯи дигар, маоше, ки он ҷо мегирӣ, ба рӯзгорат кофӣ нест",-мегӯяд Тӯйчӣ. Мисли ӯ дар ин Қазоқистон ҷавонони зиёде ҳастанд, ки дар Тоҷикистон дастнигари ёрии онҳоянд ва бидуни дарёфти маблағи онҳо рӯзу рӯзгорашон дар Тоҷикистон душвор мегардад.

Муқимҷон Маҳмадҷонов, тоҷири дигари тоҷик, аз Қумсангир изҳор мекунад, ки чунин тасмим аз ҳама бештар бар зарари тоҷирони пойафзол аст ва таври маълум дар бозори "Барахолка" як қатори бузургро, ки он ҷо пойафзол мефурӯшанд, тоҷикон ташкил мекунанд. Ба гуфтаи Муқимҷон, онҳо бештари молро аз умдафурӯшон (оптовик) нася гирифтаанд ва бояд ба соҳибонашон пулашро диҳанд.

Гурӯҳи басо осебпазири муҳоҷирони тоҷик дар Қазоқистон онҳое ҳастанд, ки дар бозорҳо бидуни иҷозаи расмӣ кор мекунанд. Бар асоси қонуни Қазоқистон ба муҳоҷироне, ки корти иқомат надоранд, барои фаъолият дар бозор иҷоза дода нашуда буд. Аз ин хотир, онҳо ҳар рӯз бо мушкилоте дар бозор рӯбарӯ буданд. Ба бовари Абдураҳим Шерматов, акнун мушкилоти онҳо зиёд хоҳад шуд ва шояд онон ё ба Тоҷикистон баргарданд ва ё озими Русия шаванд.

Бо назардошти ин мушкилоти пешомада аксар ҳамсӯҳбатони мо хоҳони онанд, ки сафорат ва ҳукумати Тоҷикистон дар ин робита талошҳое бикунанд ва роҳи ҳалли ин душвориро пайдо намоянд ва агар масъала ба Иттиҳоди гумрукӣ рабт дорад, Тоҷикистон ҳам зудтар ба он ҳамроҳ бишавад.

Вале Шарифхон Қаландаров, консули кулли (генералии) Тоҷикистон дар Алматӣ, гуфт, "баробари рӯ задани ин масъала сафорати Тоҷикистон корҳои зиёдеро анҷом дод. Аз ҷумла, бо намояндагони идораи молиёти Қазоқистон ҳам дар Остона ва ҳам дар Алматӣ гуфтушунидҳое анҷом дод ва роҳи ҳалли ин масъаларо меҷӯянд."

Вале рӯзноманигор Саломиддин Мирзораҳматов, ки ҳоло ба тиҷорат машғул аст ва дар ин роҳ ба пешравиҳо низ ноил шудааст, мегӯяд, ба роҳи нави пардохти молиёт гузаштани Қазоқистон ва пеш гузоштани талаботи нав ин амри замон аст ва ҳамдиёрони мо бояд ба он мутобиқ шаванд. Ӯ мегӯяд, "ҳамватанони мо бояд дар шароити нави иқтисоди кор карданро ёд гиранд ва ҷамъиятҳои масъулияташ маҳдудро сабти ном карда, тиҷорати худро аз тариқи он идома диҳанд."

Насибҷон Амонӣ,
Алматӣ, Қазоқистон

Хонандаи азиз, моро дар шабакаҳои Facebook, Twitter ва Youtube низ ҳамроҳӣ кунед!

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG