Пайвандҳои дастрасӣ

Мухолифони Сурия амалиёт бар зидди пойгоҳи ҳавоиро оғоз кардаанд


 Маҳали наздик ба пойгоҳи Тафтаназ дар Сурия

Маҳали наздик ба пойгоҳи Тафтаназ дар Сурия

Мухолифони мусаллаҳи давлати Сурия рӯзи шанбе дар шимоли ғарби ин кишвар бар зидди нируҳои ҳукуматӣ амалиёти густардаро оғоз карданд. Дар ин минтақа пойгоҳи ҳавоии нируҳои ҳукуматӣ ҷой гирифтааст.

Нируҳои мухолифон талош доранд пойгоҳи Тафтаназро ба тасарруфи худ дароранд, зеро ҳавопаймоҳои ҷангии ҳукумат аз ин пойгоҳ мавозеи онҳоро ба оташ мекашанд.

Дар СММ таъйид карданд, ки дар ҷараёни чунин ҳамла ба пойгоҳи ҳавоии дигар дар Саракеб, ба эҳтимоли зиёд, шӯришиён ба ҷинояти ҳарбӣ роҳ додаанд. Дар ҷараёни ин амалиёт 28 сарбоз кушта шудаанд.

Дар наворҳое, ки дар интернет ба намоиш даромадааст, саҳнаҳои куштори сарбозон дида мешавад. Ҳатто баъзе сарбозоне кушта шудаанд, ки зинда ба асорат даромадаанд.

То ҳол воқеият доштани ин наворҳо таъйид нашудааст.
XS
SM
MD
LG