Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даҳ соли ҳокимияти ҳизби "Адолат ва Тараққиёт" дар Туркия


Реҷеп Тайип Эрдуғон
Реҷеп Тайип Эрдуғон
Реҷеп Тайип Эрдуғон-нахуствазири Туркия ва ҳизби вай бо номи “Адолат ва Тараққиёт” 10-ӯмин солгарди ҳокимияти худ дар Туркияро баргузор карданд.

Эрдуғон дар ҳамоиши солонаи ҳизбӣ дар маҳале дар наздикии Анкара ба аъзои ҳизб гуфт, ба ин ҳизб муяссар шудааст то ба тарзи дигар фикр кардани туркҳо дар бораи сисёсатро биомӯзонад. Вай ҳамчунин гуфт, ҳизб тавонистааст, бо комёбӣ нақши худхоҳонаи низомиён дар ҳифзи давлатро ба чолиш кашад.

Дар давоми даҳ соли ҳокимияти худ ба ҳизби “Адолат ва Тараққиёт” муяссар шудааст, ки ислоҳоти муҳими сисёсву иқтисодӣ анҷом диҳад.

Вале ин кишвар ҳамоно барои риоят накардани ҳуқуқи инсон, аз ҷумла ҳуқуқи курдҳо интиқод мешунавад.
XS
SM
MD
LG