Пайвандҳои дастрасӣ

Дастаи «Равшан»-и Кӯлоб ба зинаи аввали ҷадвали мусобиқаи Лигаи олии футболи Тоҷикистон баромад.

Футболбозони шаҳри Кӯлоб рӯзи шанбе, 3-юми ноябр дар майдони худ дар бозии даври 23-юми мусобиқа дастаи «Хайр»-и Ваҳдатро бо ҳисоби бузурги 4:0 шикаст доданд.

Даври 23-юм
3-юми ноябр, шанбе.


«Равшан» (Кӯлоб) - «Хайр» (Ваҳдат) – 4-0

Голҳо: Течи Соломон, Нуъмон Ҳакимов, Дэвид Мауто (2 гол).

«Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров) - «Зарафшон» (Панҷакент) – 6-0

Голҳо: Мансур Ҳакимов (2), Руслан Таваккалов, Руслан Раҳматов, Даврон Тухтасунов, Ҷаҳонгир Алиев.

«Гвардия» (Душанбе) - «Истаравшан» (Истаравшан) – 2-4

Голҳо: Темур Исмоилов, Ойбек Абдуѓаффоров – Насим Расулов (2), Абдураҳмон Қурбонов, Бахтиёр Холиқов.

«Вахш» (Қӯрғонтеппа) - «Ҳосилот» (Фархор) – 3-0

Голҳо: Рустам Усмонов (2), Баҳодур Каримов.

Вале ду бозии даври 23-юм, ки мебоист 4-уми ноябр миёни дастаҳои ССКА «Помир»-и Душанбе - «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода ва «Энергетик»-и Душанбе - «Истиқлол»-и Душанбе доир мешуд, инчунин, бозии даври 24-ум миёни тимҳои «Истиқлол» ва «Равшан» ба мӯҳлати дертар гузошта шуданд.

Сабаби мавқуф гузоштани ин бозиҳо ба ширкати футболбозони тимҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” дар ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии дӯстона бо тими миллии Эрон, ки рӯзи 6-уми ноябр дар варзишгоҳи “Озодӣ”-и Теҳрон баргузор мешавад, бастагӣ дорад.
Ҳамин тавр, «Равшан» бо 53 имтиёз дар ҷойи аввал, “Регар-ТадАЗ” бо 52 имтиёз дар мақоми дувум ва «Хайр” бо 45 имтиёз дар зинаи севум қарор доранд. Ҳар се даста бисту як бозигӣ анҷом додаанд.



Дастаи “Истиқлол”, ки 19 бозӣ кардааст, бо 43 имтиёз дар зинаи чаҳорум ҷойгир шудааст. Мубориза барои дарёфти унвони қаҳрамони Тоҷикистон ва медалҳои мусобиқа миёни дастаҳои пешсаф идома хоҳад кард.

“Регар-ТадАЗ” аз се бозии боқимонда дутоашро дар меҳмонӣ бо ССКА “Помир” ва “Парвоз”, яктоашро дар майдони худ бо “Гвардия” анҷом медиҳад.
“Равшан” низ се бозии дигар дорад: яктоаш дар Кӯлоб бо “Истаравшан” ва дутоаш дар сафар бо “Истиқлол” ва “Зарафшон”.

“Истиқлол” аз панҷ бозии боқимонда дутоашро дар майдони худ бо “Равшан” ва “Хуҷанд” ва сетоашро дар меҳмонӣ бо “Энергетик”, “Хайр” ва “Ҳосилот” мегузаронад. “Хайр” аз се бозии боқимонда дутоашро дар сафар бо “Ҳосилот” ва “Истаравшан” ва яктоашро дар майдони худ бо “Истиқлол” анҷом медиҳад.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа:

Ҷой Дастаҳо Б Ғ М Б Т И

1.

«Равшан» (Кӯлоб)

21

17

2

2

41-9

53

2.

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

21

16

4

1

62-15

52

3.

«Хайр» (Ваҳдат)

21

14

3

4

40-25

45

4.

«Истиқлол» (Душанбе)

19

13

4

2

54-10

43

5.

«Вахш» (Қӯрғонтеппа)

22

9

4

9

28-19

31

6.

«Парвоз» (Б.Ғафуров)

20

9

3

8

41-29

30

7.

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

20

7

5

8

26-29

26

8.

«Истаравшан” (Истаравшан)

20

7

4

9

31-37

25

9.

«Энергетик» (Душанбе)

20

6

6

8

26-27

24

10.

КМВА “Помир” (Душанбе)

21

6

6

9

22-23

24

11.

«Ҳосилот» (Фархор)

21

4

2

15

18-54

14

12.

«Гвардия» (Душанбе)

21

2

0

19

12-60

6

13.

«Зарафшон» (Панҷакент)

21

1

3

17

20-84

6

Голзанҳои беҳтарин: Дилшод Восиев ("Истиқлол")-19 гол, Аҳтам Ҳамроқулов ("Регар-ТадАЗ")-16 гол, Комил Саидов ("Регар-ТадАЗ")-15 гол, Мирзобек Мирзоев («Хайр») – 14 гол, Шодибек Ғаффоров («Энергетик»), Нуъмон Ҳакимов («Равшан»), Мансур Ҳакимов («Парвоз»)– 11-голӣ.

Даври 24-ум
7-уми ноябр (чоршанбе)

Оғози бозиҳо – соати 14.00

«Хуҷанд» - «Парвоз»
«Зарафшон» - «Гвардия»

8-уми ноябр (панҷшанбе)
Оғози бозиҳо – соати 14.00

«Ҳосилот» - «Хайр»
«Вахш» - ССКА «Помир»
«Истаравшан» - «Энергетик»
«Истиқлол» - «Равшан» - ба мӯҳлати дертар гузаронида шуд.

Даври 25-ум
12-уми ноябр (душанбе)

Оғози бозиҳо – соати 14.00

«Гвардия» - «Хуҷанд»
«Энергетик» - «Зарафшон»
«Парвоз» - «Регар-ТадАЗ»

13-уми ноябр (сешанбе)
Оғози бозиҳо – соати 14.00

ССКА «Помир» - «Ҳосилот»
«Хайр» - «Истиқлол»
«Равшан» - «Истаравшан»

Даври 26-ум
17-уми ноябр (шанбе)

Оғози бозӣ – соати 14.00
«Хуҷанд» - «Энергетик»

18-уми ноябр (якшанбе)
Оғози бозиҳо – соати 14.00

«Вахш» - «Парвоз»
«Регар-ТадАЗ» - «Гвардия»
«Зарафшон» - «Равшан»
«Ҳосилот» - «Истиқлол»
«Истаравшан» - «Хайр»

Хонандаи азиз, моро дар шабакаҳои Facebook, Twitter ва Youtube низ ҳамроҳӣ кунед!

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG