Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сокини ноҳияи Панҷакент дар сӯхторе дар Маскав ҷон дод


Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия хабар додааст, ки дар шаҳри Маскав дар натиҷаи сӯхторе дар як хобгоҳ Далер Холиқов-шаҳрванди 21 солаи Тоҷикистон сокини ноҳияи Панҷакент ба ҳалокат расидааст. Ин сӯхтор 1 ноябр рух додааст.

Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Маскав мегӯяд, барои расидагӣ ба ин сӯхтор парванда боз шудааст ва кормандони ин намояндагӣ барои фиристодани ҷасади Холиқов ба зодгоҳаш кӯмак мекунанд.
XS
SM
MD
LG