Пайвандҳои дастрасӣ

Баъзе маҳаллоти Фархору Восеъ бо оби ошомиданӣ таъмин шуданд


Бо кӯмаки молии Бонки Ҷаҳонӣ аҳолии баъзе аз маҳаллоти ноҳияҳои Фархор ва Восеи вилояти Хатлон дар рӯзҳои аввали моҳи ноябр ба оби ошомидании соф дастрасӣ пайдо карданд.

Барои таъмини аҳолӣ бо об ин бонк 11,85 миллион доллар ҷудо кардааст ва он аз соли 2006 дар шаҳру ноҳияҳои Қурғонтеппа, Кӯлоб, Данғара, Истаравшан, Ғарм, Конибодом ва Ваҳдат иҷро мешавад.

Дар ин бора намояндагии дафтари матбуотии Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон хабар додааст.

Дар ин хабар гуфта мешавад, ки ҳадафи лоиҳаи мазкур рушди зербинои мунисипалӣ, беҳтар намудани дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои асосии коммуналӣ, аз ҷумла об, беҳдошт ва ҳамчунин танзиму поккории партовҳоро дар бар мегирад.
XS
SM
MD
LG