Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи Суғд вакили Қирғизистонро маҳкум ба зиндон кард


Додгоҳи вилояти Суғд Икром Сиддиқов-намояндаи Шӯрои маҳаллии шаҳри Ботканди Қирғизистонро, ки барои қочоқи 90 кило симоб гунаҳгор дониста мешавад, 10 сол маҳкум ба зиндон кард.

Ҳамдастони вай Чингиз Абдураҳмонов-шаҳрванди Қирғизистон 9 сол ва Ёқубҷон Ҳомидов-шаҳрванди Тоҷикистон 8 сол ҳукми зиндон гирифтанд.

Дар ин бора Абдураҳмон Тӯраев-вакили мудофеи Икром Сиддиқов ба матбуот хабар додааст.

2 август худи Икром Сиддиқов ва 10 август Саидаҳмад Эрматов-раиси Шӯрои шаҳрдории Ботканд ба номи Шариф Қурбонов-додситони вилояти Суғд нома навишта аз вай хостанд, ки Сиддиқовро аз боздошт раҳо кунанд, зеро вай масъунияти намояндагии мардумро дорад. Вале ин номаҳо натиҷа надод.

Абдураҳмон Тӯраев-вакили мудофеи Икром Сиддиқов мегӯяд, ки ҳоло ҳукми зиндони зерҳимояти вай эътибор пайдо накардааст ва онҳо мехоҳанд ба зинаҳои болоии додгоҳ бар зидди ин ҳукм шикоят баранд.
XS
SM
MD
LG