Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Фурудгоҳи Хоруғ -тамрингоҳи низомӣ ё ҷои парвоз?


Низомиён дар фурудгоҳи шаҳри Хоруғ.

Низомиён дар фурудгоҳи шаҳри Хоруғ.

Мусофирони хатсайри Хоруғ-Душанбе аз ҳузури низомиён дар фурудгоҳ, ки бо силоҳ дар ин ҷо тамрин мекунанд, нигаронанд.

Акбар Ҷумъабеков, як сокини Хоруғ гуфт, аз дидани тамринҳои низомӣ дар фурудгоҳ на фақат табъи мусофирон, балки мардуме, ки ба кору бори маъмулӣ машғул ҳастанд ва аз роҳи назди фурудгоҳ мегузаранд, хира мегардад. Ӯ мегӯяд, "меҳмонони зиёде ба шаҳр меоянд ва ё аз ин ҷо ба марказ парвоз мекунанд. Вақте тамрини сарбозонро мебинанд, фикр мекунанд, ҳанӯз авзоъ ба эътидол наомадааст."

Ба гуфтаи масъулини фурудгоҳи шаҳри Хоруғ, тамринҳои низомӣ дар фурудгоҳ ба таъмини бехатарии парвози ҳавопаймоҳо ва мусофирон таҳдид мекунанд ва ба манзури ҷилавгирӣ аз ҳодисаҳои нохуш, онҳо хостори қатъи машқҳои ҳаррӯзаи низомӣ дар фурудгоҳ шуданд. Сардори фурудгоҳ Дилдорбек Масхутов изҳор дошт, ки "тибқи Кодекси парвози Тоҷикистон, фурудгоҳ ин як объекти маҳкам аст. Бе мувофиқа кардан, ворид гардидан ба ҳудуди фурудгоҳ қатъиян манъ аст. Мо бояд бехатарии парвози тайёраҳо ва чархболҳоро таъмин кунем."

Қаблан, Хадамоти давлатии танзими нақлиёт ба манзури таъмини бехатарии мусофирон ва ҳавопаймоҳо, гузаронидани машқҳои ҳарбии қисми низомии Вазорати дифоъ мустақар дар Хоруғро дар ҳудуди фурудгоҳ манъ карда буд. Аммо ба дунболи амалиёти рӯзи 24-уми июл, фурудгоҳи Хоруғ аз нав ба майдони тамринҳои низомӣ табдил гардид.

Як манбаъ аз Вазорати дифоъ, ки дар Хоруғ ба сар мебарад, гуфт, айни ҳол теъдоди маҳдуди сарбозони ОМОН ва Горди миллӣ, ки дар Хоруғ боқӣ монданд, дар фурудгоҳ машқҳои низомӣ баргузор мекунанд. Вай афзуд, аммо ба дунболи шикояти шаҳрвандону мусофирон аз ҳузури низомиён дар фурудгоҳ, қарор аст, дар рӯзҳои наздик ва бо омадани вазири дифоъ Шералӣ Хайруллоев ба маркази вилоят, масъалаи қатъи тамринҳои низомӣ дар фурудгоҳи шаҳр, баррасӣ шавад.

Аммо айни ҳол бо наздик шудани тайёра ва ё чархбол ба фурудгоҳ, нозирони хаттри парвоз дар бархе аз маворид маҷбур мешаванд, бо ишора ва ё ҳуштак кашидан, сарбозонро аз хатти парвоз дур кунанд. Сардори фурудгоҳ гуфт, "баъзан пиёда давида ва ё бо мошина сарбозонро аз хатти парвоз дур мекунем."

Ба тамринҳои низомӣ дар фурудгоҳ, ба вижа шаҳрвандони хориҷӣ, ки бо лағви маҳдудияти сафар, ба Бадахшон меоянд, бо ҳайрат нигоҳ мекунанд. Ба гуфтаи манбаи Вазорати дифоъ, нигаронӣ аз баҳам задани авзоъ дар шаҳр вуҷуд надорад ва интизор меравад, ки тамринҳои низомӣ аз фурудгоҳ ба майдони тамринҳои низомӣ, воқеъ дар маҳалли Шитошоши Теми Хоруғ кӯчонда шаванд.

Хонандаи азиз, моро дар шабакаҳои Facebook, Twitter ва Youtube низ ҳамроҳӣ кунед!

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG