Пайвандҳои дастрасӣ

Шаҳрдор дави умумии Нию Йоркро бекор кард


Майкл Блумберг

Майкл Блумберг

Майкл Блумберг-шаҳрдори Нию Йорк дави умумӣ ё марафонеро, ки барои рӯзи якшанбе пешбинӣ шудааст, бекор кард. Пештар Блумберг эълон карда буд, ки дави умумӣ метавонад ҳаёт дар шаҳрро баъд аз тӯфони Сэндӣ ба маҷрои маъмулии худ баргардонад.

Аммо бисёриҳо, ки то ҳол барқ надоранд ва ба сабаби ин, ки шумораи қурбониёни тӯфон дар шаҳри Нию Йорк 40 нафарро ташкил медиҳад, бар ин ақидаанд, ки ҳоло барои баргузории дави умумӣ зуд аст.

Интизор мерафт, ки ҳудуди 47 500 нафар давандаҳо аз саросари ҷаҳон дар ин дав ширкат варзанд. Масофаи он 42,2 километрро ташкил медиҳад.

Интизор мерафт, ки дар имтидоди ин масофа дар ду тарафи роҳ як миллион нафар ин давро тамошо кунанд. Дар чунин ҳолат ин бузургтарин дави умумӣ аз соли 1970 то ҳол дониста хоҳад шуд. Мумкин аст ин дав барои соли 2013 ба нақша гирифта шавад.
XS
SM
MD
LG