Пайвандҳои дастрасӣ

Обама барои рафъи мушкили маводи сӯхт дастур дод


Барак Обама

Барак Обама

Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико шоми рӯзи ҷумъа дастур дод, ки минтақаҳои аз тӯфони Сэндӣ осебдида дар шарқи Амрикоро бо маводи сӯхт таъмин кунанд. Вай ба вазорати дифоъ дастур дод, ки 45 миллион галлон бензин ва 38 миллион галлон дизел ба он ҷо бифиристанд. Як галлон ҳудудан 3,7 литрро ташкил медиҳад.

Дар минтақаҳои осебдида камбуди маводи сӯхт мушоҳида мешавад ва мардум барои гирифтани маводи сӯхт муддатҳои тӯлонӣ навбат меистанд. Ба сабаби набуди барқ насосҳои бензинкашӣ кор намекунанд ва мушкил пеш омадааст.

Бино ба пешбинии ҳавошиносон, мумкин аст рӯзҳои сешанбе-чаҳоршанбеи оянда тӯфони дигаре бархезад ва ҳарорат поин рафта якбандон ба вуҷуд ояд.

Бино ба маълумоти ахир, шумораи қурбониёни тӯфони Сэндӣ ба 102 нафар расидааст.
XS
SM
MD
LG