Пайвандҳои дастрасӣ

Лазаренко баъди зиндон ба боздоштгоҳ бурданд


Павел Лазаренко, нахуствазири собиқи Украина, ки рӯзи панҷшанбе аз зиндоне дар аёлати Калифорния раҳо шуд, ҳоло дар боздоштгоҳи Хадамоти муҳоҷирати Амрико будааст. Даниел Ҳоровитз, вакили дифоъи ӯ ба рӯзномаи “Коммерсант Украина” гуфтааст, ки Павел Лазаренко билофосила баъди тарки маҳбаси Терминал Айленд боздошт шуд, ки дар онҷо ҳафт соли зиндонашро адо кард. Ӯро бо гуноҳи фасоди молӣ зиндонӣ карда буданд. Ҳоло бояд мақомоти Амрико тасмим бигиранд, ки ба ӯ мақоми қонунӣ бидиҳанд ва ё ба Украина пас бифристанд. Павел Лазаренко аз соли 1996 то соли 1997 нахуствазири Украина буд ва соли 2004 бо гуноҳи шустушуи даҳҳо миллион доллари дуздӣ аз хазинаи ҳукумат, дар Амрико зиндонӣ шуд. Дар худи Украина ӯро ба шустушуи пул ва даст доштан дар чанд қатл муттаҳам мекунанд.
XS
SM
MD
LG