Пайвандҳои дастрасӣ

Гирдиҳамоии мухолифони озариро пароканда карданд


Пулиси Озарбойҷон гирдиҳамоии даҳҳо нафар аз фаъолони мухолифони давлатро дар шаҳри Боку пароканда кард, ки ба нишони эътироз аз ислоҳи Қонун дар бораи тазоҳурот ҷамъ омада буданд. Ҳудуди 30 нафар аз аъзои фаъоли Ҷабҳаи Мардумӣ, як ҳаракати мухолифи ҳукумат боздошт шуданд. Ҳукумати Озарбойҷон, моҳи гузашта гуфт, ки Қонун дар бораи гирдиҳамоиро тағйир дода, барои ҳузур дар гирдиҳамоиҳои ғайриқонунӣ, ҷазои сахттаре таъйин хоҳад кард. Аввали ҳамин ҳафта созмони Авфи Байналмилал аз Илҳом Алиев, раиси ҷумҳури Озарбойҷон хост, “саркӯби дигарандешонро бас кунад ва тазмин диҳад, ки ҳамаи шаҳрвандон аз ҳуқуқи бунёдии худ барои озодии баён, ҷамъомад ва гирдиҳамоиҳо баҳра баранд”.
XS
SM
MD
LG