Пайвандҳои дастрасӣ

Шаҳрвандон ба давлат роҳи мубориза бо фасодро нишон додаанд


Зимни як назарпурсӣ оиди роҳҳои мубориза бо фасод дар Тоҷикистон 37 фоизи шаҳрвандон изҳор доштаанд, ки қабул ба кор дар ниҳодҳои давлатӣ бояд тавассути озмун сурат гирад.
Ташкилоти ҷамъиятии «Маркази мубориза бо фасод» муайян кардаст, ки 34 фоизи шаҳрвандон роҳи босамартарини решакан намудани фасодро дар Тоҷикистон баланд бардоштани маош медонанд. 28.6 фоизи мусоҳибон гуфтаанд, ки роҳи беҳтарин барҳам додани фасодзадагӣ дар Тоҷикистон аз байн бурдани "хешу таборбозӣ" аст, ки дар ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон васеъ истифода мешавад.
Айни ҳол мушкили фасод дар Тоҷикистон масъалаи мубрам маҳсуб ёфта, кишвар дар гузориши ахири маҷаллаи бонуфузи «Форбс» миёни 134 давлати дунё ба қатори даҳгонаи фасодзадатаринҳо дохил мешуд
XS
SM
MD
LG