Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама ва Ромни ба Амрико ваъдаи "тағйир" доданд


Борак Обама ва Митт Ромнӣ, номзадҳо ба курсии президентии ИМА.
Борак Обама ва Митт Ромнӣ, номзадҳо ба курсии президентии ИМА.

Номзадҳо ба мақоми президентии Амрико рӯзҳои охири маъракаи интихоботиро дар аёлатҳои "калаванда" мегузаронанд.

Дар пайи раъйи интихобкунандагоне, ки ҳанӯз ҳам ба як қарори муайян наомадаанд, раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳида Барак Обама ва рақиби ӯ аз Ҳизби ҷумҳурихоҳ Митт Ромнӣ рӯзҳои охирини маъракаи интихоботиро дар аёлатҳои, ба истилоҳ “калаванда”-и Амрико мегузаронанд.

Инҳо Оҳайо, Колорадо, Айова, Ню Ҳемпшир, Висконсин, Вирҷиния ва Невадаанд,ки тарафдорияшон аз кадом номзад ҳанӯз рӯшан нашудааст. Бино бар назарсанҷиҳо, тарафдорон ва мухолифони Обама ва Ромнӣ дар ин манотиқ тақрибан баробаранд ва ҳанӯз ҳеҷ кадоме аз рақибон натавонистааст, бартарие ба даст орад, ки пирӯзияшро таъмин гардонад.

Таври маълум, раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳида на бо раъйи аҳолӣ, балки аз тарафи аъзои ҳайати машваратӣ интихоб мешавад. Номзаде ғолиб дониста мешавад, ки камаш 270 раъйи аъзои ҳайатҳои интихоботиро ба даст орад. Шумораи раъйҳои ҳар аёлат ба теъдоди аҳолии он вобастааст. Бино бар назарсанҷиҳои охирин, номзадҳо тақрибан дар вазъи баробар қарор доранд.

Пас аз чанд рӯзи танаффусе, ки тӯфони “Сэндӣ” ба миён андохт, Обама ба Висконсин ва Невада сафар кард ва Ромнӣ ба Вирҷиния. Ҳарду номзад дар маъракаи худ зарурати тағйирро шиор қарор додаанд. Ромнӣ сиёсати Обамаро танқид мекунад ва ҳукумати ӯро “аз ҳад калон” меномад, ки сабаби харҷи зиёд шудааст. Вай мегӯяд, Амрико ба “тағйири ҳақиқӣ” ниёз дорад ва ин корро танҳо ӯ карда метавонад:

"Ин интихобот пайомадҳои бузурге дорад ва ман фикр мекунам, шумо онҳоро мефаҳмед. Ман медонам, баъзе мардум фикр мекунанд, ки мо бояд ҳамин роҳи ҳозираро давом диҳем ва фикр мекунанд, ба ҳамин тарз ҳама чиз хуб мешавад. Вале ман ба ин роҳ бовар надорам. Ман бар инам, Амрикоро тағйири ҳақиқӣ зарур аст. Мо ин тағйирро ваъда медиҳем ва мо онро ба мардуми Амрико мерасонем.”

Дар ин лаҳзаҳо дар Висконсин, Обама низ аз тағйир ҳарф мезад. Маҳз ҳамин калима шиори асосии ӯ дар интихоботи соли 2008 буд, ки ӯро ба пирӯзӣ расонд.

Обама мегӯяд, дар забони Ромнӣ, ки як бизнесмен ва ҳокими пешини Массачусетс аст, тағйир ба маънои бозгашт ба сиёсатҳои президенти собиқ Ҷорҷ Даблю Буш аст: "Дар ин ҳафтаҳои охири маърака, раис Ромнӣ тамоми ҳунари як фурӯшандаро ба кор бурд, то сиёсатҳои нокоми гузаштаро баъд аз чаҳор соли поккорӣ ба фурӯш барорад. Ва боз ӯ ба мо дигаргуниҳоро пешниҳод мекунад. Вай мегӯяд, ки номзади тағйирҳост. Бигзоред, ба мардуми Висконсин бигӯям, ки тағйир чӣ шакле дорад. Ва ончӣ раис пешниҳод мекунад, дақиқан тағйир ном надорад.”

Гузоришҳои нави ҳукумати Амрико ба интихобот таъсир хоҳанд дошт. Махсусан хабари он ки дар муддати раҳбарии ӯ чӣ қадар ҷойи кор эҷод шудааст. Як моҳ пеш гузориши он ки бекорӣ дар кишвар аввалин бор дар чаҳор соли охир аз 8 дарсад поинтар шуд, ба сафи тарафдорони Обама афзуда буд.

Хонандаи азиз, моро дар шабакаҳои Facebook, Twitter ва Youtube низ ҳамроҳӣ кунед!
XS
SM
MD
LG